Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон писари калонии худ Рустами Эмомалиро раиси пойтахти Тоҷикистон таъин кард. Имрӯз дар ин бора фармони дахлдори сарвари давлат ба имзо расидааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола, ки муддати 19 соли ахир ба ҳайси шардори Душанбе фаъолият дошт, аз мақомаш барканор шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сифати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (палатаи болоии парлумон) шахси дуюм дар давлат ба шумор меравад.

Рустами Эмомалии 28-сола то имрӯз роҳбарии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикиситонро ба уҳда дошт. Дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ӯ ҷавонтарин генерал аст.

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои иқтисодии байнулмилалӣ» хатм кардааст ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Яке аз муасисон ва моликони дастаи футболи «Истиқлол», президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 1-уми феврали соли 1952 дар деҳаи Кирови хоҷагии "Роҳи Ленин"-и ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падараш Маҳмудов Убайдулло ва модараш Назирова Саъбагул буда, соли 1986 аз ҷамоли модар ва соли 2007 аз дидори падар маҳрум шудааст.

Аввал Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм намуда, сипас вориди Донишкадаи политехникии ордени Лениндори ба номи Ленини шаҳри Харкови Украина шудааст ва онро соли 1974 ба анҷом расондааст. Баъди он ба Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ воқеъ дар шаҳри Тошканд роҳхат гирифта онро соли 1985 бо баҳои аъло хатм кардааст.

Валентина Матвиенко ва МАҳмадсаид Убайдуллоев

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 шурӯъ кардааст. Аз соли 1974 то соли 1979, муддати шаш сол тибқи ихтисос дар вазифаҳои гуногун муҳандиси гурӯҳи идорӣ ва назорати стансияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва ҳисоби мошинии раёсати омори шаҳри Кӯлоби вилояти Кӯлоб сармуҳандис, Директори маркази ҳисоббарории раёсати омори вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Аз соли 1979 то 1983 шуғли ҳизбӣ доштааст. Ва аз соли 1985 то 1986  Ҷонишини сардори Раёсати марказии омори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буда ва баъдан боз ба кори ҳизбӣ раҳнамун шудааст.

Охирон вазифааш дар замони Шӯравӣ Сардори Раёсати омори вилояти Хатлони Раёсати марказии омори ҶШС Тоҷикистон будааст, ки ба солҳои 1988-90 рост меояд. Дар интиҳои Шӯравӣ ва оғози истиқлолият дар солҳои 1990-1992 муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб будааст.

Охири соли 1992, вақте ки ҳукумати нав зимоми идораи давлатро баъди баргузории иҷлосияи таърихии 16-ум ба даст гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Кӯлоб вориди Душанбе шуд ва дар вазифаи ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз кард.

Ин замони фаъолияти Убайдуллоев содаву ором пӯшти сар нашудааст. Дар ин вазифа ду сол ва баъдан муовини аввали сарвазири Тоҷикистон гардид, ки то соли 1996 дар ин мансаб буд.

Аз соли 1996 инҷониб раиси шаҳри Душанбе мебошад, ки зери роҳбарии ӯ ба яке аз амнтарин пойтахтҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Бо талаби мухолифони давлат дар кишвар соли 2000-ум парламенти касбии дупалатаӣ оғоз ба фаъолият намуд ва аз он сол Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид. То ҳол дар ин вазифа низ фаъолият мекунад.

Убайдуллоев ду писару як духтар дорад. Писаронаш хизматчии давлатӣ мебошанд.