Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли равон баҳои баланд доданд.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи фурудгоҳ изҳор дошт, дар ин давра шумори мусофирону интиқоли бору бағоч ва ҳамлу нақли бор тариқи терминали боркашонии фурудгоҳ афзудааст.
Тавре дафтари матбуоти ФБД хабар медиҳад, ӯ бахусус таъкид дошт, ки теъдоди таъхири парвозҳо ва арзу иддаои мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Субҳонзода ба роҳбарияти фурудгоҳ барои меҳнату талоши босамар баҳри ободии корхона ва саҳми арзанда дар пешрафту ободонии пойтахти кишвар арзи сипос кард
Гуфта мешавад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” ба 1 млн. 58 ҳазор мусофир хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1919 тоннаро ташкил додааст.
“Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 391 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 592 эрод ё 60,23% камтар мебошад. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо 677 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 200 парвоз ё 22,81% камтар мебошад”, - омадааст дар маълумоти ФБД.
Бино ба иттилои ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва шароити номуосиди обуҳаво мебошад.
Айни замон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе парвозҳо аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
Аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.