Имрӯз, 31-уми январ Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ китобҳои насли навро муаррифӣ кард, ки ба гуфтааш, аз китобҳои оддӣ "бартарияти зиёд дорад". Ин китобҳо аз соли нави хониши 2025-2026 дастраси хонандагон мешавад.
Ӯ дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, аллакай 18 номгӯи китобҳои насли нав таҳия шуда, то имрӯз 1 миллиону 500 ҳазор нусха нашр ва ба мактабҳо тақсим шудааст. Ба иттилои вай, 35 номгӯйи дигар дар раванди таҳия қарор дорад.
Ба гуфтаи вазир, ин китобҳо аз китобҳои муқаррарӣ чанд бартарият доранд.
“Масалан, барои фанҳои математика ва забони тоҷикӣ дар баробари китоби дарсӣ, дафтари дарсии алоҳида низ таҳия шудааст, ки машқҳо алоҳида дода шудаанд ва хонанда дар он метавонад машқу супоришҳоро иҷро кунад”, - шарҳ дод Раҳим Саидзода.
Китобҳо аз китобҳои маъмулӣ андозаи каме калонтар доранд. Бартарияти дигари онҳо дастрасии садо ва навор тавассути QR рамзҳо гуфта шуд.

“Масалан, дар китоби дарсии забони русӣ барои синфи 2 баъди навиштаи “слушай и повторяй вслед за диктор” QR рамз гузошта шудааст. Вақте ба ин рамзҳо ворид мешавед, он ҷо ба садо дастрасӣ пайдо мекунед, ки хонанда метавонад тарзи талаффузро низ омӯзад. Ин барои хонандаи имрӯзи мо бисёр зарурат дорад”, - тавзеҳ дод вазир.
Айни замон барои синфи 2 китоби забони русӣ ва барои синфи 3 китоби забони англисӣ дар чунин шакл таҳия шудааст.
“Тасмим гирифтем, ки ҳамин гуна китобҳоро барои хонандагони синфҳои 3, 4 ва 5 ҳам таҳия ва пешниҳод кунем”, - гуфт ӯ.

Наврӯз Мирзо, директори маркази таҳияи китобҳои маориф гуфт, минбаъд барои як қатор фанҳо, аз ҷумла фанҳои риёзӣ видео низ ҷой дода мешавад.
Ба иттилои вазир барои амалӣ кардани ин иқдом вазорат шарикон ва маблағ дарёфт кардааст. Арзиши китобҳо аз китобҳои маъмулӣ он қадар фарқ надорад.
“Масалан, арзиши умумии китоби русӣ 19 сомонӣ аст ва барои се сол агар тақсим кунем, иҷораи яксолаи он ҳамагӣ бештар аз 6 сомон мешавад. Нархи “Дафтари хонанда” бошад, 12 сомон буда, якдафъаина аст ва фурӯхта мешавад”, - гуфт Наврӯз Мирзо.
Ӯ илова кард, “азбаски ин дафтарҳо ранга ва бо сифати байналмилалӣ нашр шудаанд, каме гарон аст. Дар оянда ин дафтарҳоро дар шакли сиёҳу сафед нашр карданианд, ки нархаш ҳам арзонтар мешавад”.
Дар мактаб истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Чӣ гуна аз QR рамз метавон истифода кард?
Ба ин суоли хабарнигорон вазир посух дод, ки қисмати асосии он маводе, ки тариқи QR рамз пешниҳод шудааст, асосан машкҳои вазифаи хонагиро дарбар мегирад.
Ӯ ҳамчунин аз падару модарон хоҳиш кард, ки ба фарзандони худ барои истифода аз ин усул кӯмак кунанд.
Бояд гуфт, ба иттилои вазорат, дар соли 2024-ум 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусха адабиёти таълимиву методӣ нашр шудааст.
Соли гузашта ба мактабҳои ҷумҳурӣ дар умум 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас шудааст, ки танҳо 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусхааш танҳо китоби дарсӣ будааст.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Чанд расонаи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд
Роҳи Ворух мақоми бетараф мегирад. Тафсилоти созишномаи марзӣ бо Қирғизистон
Моҳи март ҳаво дар Тоҷикистон салқину сербориш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали соли 2025
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар ИМА бо гумони маблағгузорӣ ба ДОИШ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста