Моякӯбӣ (ваксинагирӣ) яке аз дастовардҳои бузурги олимони соҳаи тиб арзёбӣ мешавад ва ба қавли донишмандони ин бахш, истифодаи он хуруҷи бемориҳои сироятиро дар байни аҳолӣ пешгирӣ мекунад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола иммунизатсия дар ҷаҳон аз 3,5 то 5 миллион инсонро аз марг наҷот медиҳад. Моякӯбии саривақтӣ одамони хурду калонро аз бемориҳои хатарнок ва маъюбият эмин нигоҳ медорад.
“Ваксинаро як мӯъҷиза ва ихтирои беназир ҳам гӯем, мешавад. Бемориҳои сироятии зиёде мавҷуд аст, ки баъзеяшон ба марг оварда мерасонад.
Ягона чизе, ки инсонро аз ҳамин бемориҳо пешгирӣ мекунад, то сирояти онҳо ба ҳолатҳои вазнин оварда нарасонад, иммунизатзия мебошад”, - иброз дошт табиб-сироятшинос Дониёри Шер.
Моякӯбӣ аз кадом бемориҳои сироятӣ ҳифз мекунад?
Дар Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон ваксинаҳои гуногун бар зидди 12 намуди бемориҳои сироятӣ: фалаҷ, сил, гепатити b, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилияи шакли b, сирояти ротавирусӣ, пневмокок, сурхча, баногӯшак ва гулафшон пешбинӣ шудааст.
Моякӯбии навзодон аз таваллудхона оғоз гашта, то синни 16-солагии наврасон идома меёбад.
Айни замон ваксинагирӣ ба таври ройгон дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ аз рӯйи Тақвими миллии иммунизатсия, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҷараён дорад.

Мӯъминҷон Бобоҷонов, мудири шуъбаи эпидемиологии филиали “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар вилояти Суғд мегӯяд, ваксинагирӣ аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани кӯдак зарур аст.
“Кӯдакони мо аз таваллудхона сар карда, иммунизатсия мегиранд. Дар таваллудхона бояд се ваксина бар зидди бемориҳои сил, фалаҷ ва зардпарвини b бигиранд.
Ҳамаи ваксинаҳо кӯдакро сад фоиз аз беморшавӣ нигоҳ намедорад, лекин бемор шавад ҳам, бисёр сабук мегузаронад. Як чизро гуфтан даркор, ки агар кӯдак бар зидди бемории фалаҷ иммунизатсия нагирифта бошад, маъюби якумра шуда метавонад, зеро муолиҷаш нест. Ҳамаи инро ба эътибор гирифтан лозим аст”, - афзуд Бобоҷонов.
Чаро сари вақт бояд моякӯбӣ кард?
Ба гуфтаи мутасаддиён, агар вояҳои зарурии ваксинаҳо тибқи Тақвими миллии иммунизатсия дар муҳлатҳои муайяншуда гирифта шаванд, таъсирбахшӣ ва манфиати онҳо бештар хоҳад буд. Баъзе намуди ваксинаҳо ҳастанд, ки онҳоро бояд ба кӯдакон дар вақти гуногун ду ё се маротиба ворид кунанд.
“Водидон инро бояд донанд: ваксинае ҳаст, ки як маротиба гузаронида мешавад, зеро баъд аз ворид намудани як воя масунияти пурра дар бадани кӯдак пайдо мегардад. Баъзе ваксинаҳое ҳаст, ки вояҳои он ду бор ва баъзеи дигар се маротиба, масалан, дар 2, 3 ва 4-моҳагӣ ба кӯдак ворид карда мешавад. Баъд аз гирифтани вояи сеюм аллакай масунияти пурра ҳосил мешавад”, - гуфт Саида Бобоназарова, мудири шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”.
Оё моякӯбӣ ба саломатӣ ягон хатар дорад?
Ба қавли масъулин, ваксинаҳои мегирифтаи кӯдакон ва наврасон барои саломатӣ бехатар аст. Онҳоро дар кишварҳои пешрафтаи соҳа ба мисли Ҷопон, Белгия, Ҳиндустон ва ғайра истеҳсол карда, сипас ба Тоҷикистон меоранд. Ҳар як намуди ваксина пас аз санҷиши зиёд аз тарафи мухатассисон дар озмоишгоҳҳои муосир ва дарёфти иҷозати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавриди истифодаи мардум қарор дода мешавад.
Заррина Тоҷибоева, директори филиали “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар вилояти Суғд мегӯяд, ки ваксинаҳои ба Тоҷикистон воридшударо иловатан месанҷанд.
“Ин ваксинаҳо аз тадқиқотҳои токлиникӣ ва клиникӣ мегузаранд. Дар ҷараёни онҳо самаранокии иммуногении ваксинаҳо ва ҳолатҳои номатлуб санҷида мешаванд. Ҳамаи ҳолатҳо таҳлилу баррасӣ шуда, сипас ба истеҳсоли ваксина иҷозат медиҳанд. Баъди истеҳсолот ба ваксина сертификати истифодабарӣ дода мешавад. Пас аз воридшавӣ ба Тоҷикистон онро ҳамчунин мутахассисони давлати худамон санҷида, сертификат медиҳанд”, - изҳор дошт Заррина Тоҷибоева.

Чаро пас аз моякӯбӣ баъзе кӯдакон таб мекунанд?
Бино ба шарҳи духтурон, пас аз моякӯбӣ ҳарорати бадани баъзе кӯдакон эҳтимол баланд мешавад, зеро бо воридсозии вояи ваксина бар зидди бемориҳои сироятӣ масуният пайдо шуда, ҳаёти инсон муҳофизат мегардад.
“Дар байни халқи мо баъзе овозаҳо ва гуфтугузорҳо ҳаст, ки «фарзандам ваксинаро гирифту касал шуда, сахт гиря кард». Ин ҳама як равиши ҳамон ваксина мебошад. Вақте ки таб баланд мешавад, мубориза бар зидди беморӣ сар мешавад. Ин як тарафи мусбати ваксина мебошад, ки организм чолок шуда, барои мубориза бурдан ва масуният (иммунитет) пайдо кардан тайёр аст. Бисёр модарон аз ин метарсанд, вале аз ин набояд тарсид”, - мегӯяд табиби оилавӣ Гавҳар Икромова.

Нороҳатии муваққатӣ ба хотири сипари ҳаётӣ
Тавре аз хулосаҳои коршиносон бармеояд, сарфи назар кардани моякӯбӣ ва саривақт нагирифтани вояҳои зарурӣ метавонад барои саломатии инсон оқибатҳои нохуш дошта бошад. Дар муҳлатҳои муайяншуда моякӯбӣ кардан барои ояндаи хуби фарзандон мусоидат мекунад ва ҳамзамон ба манфиати ҷомеа мебошад.
Шубҳаи баъзе нафарон ва монеагузорӣ ба моякӯбии фарзандон ё наберагон баёнгари муносибату рафтори нодурусти онҳост. Ба андешаи ҷомеашинос Ислом Раҳимов, ба чунин шахсон фаҳмонидан зарур аст, ки моякӯбӣ барои нигаҳдории тансиҳатии инсон фоидаи бисёр дорад.
“Бибиҳое ҳастанд, ки набераҳояшонро гӯё ҳифз мекунанду мегӯянд: “Не, набаред, ҳамон зарур-мӣ? Касал мешавад”. Аммо онҳо фикр намекунанд, ки ин таб кардан ё нороҳат шудани кӯдак сабаб мешавад, ки вай дар оянда бемор нашавад”, - афзуд ҷомеашинос.

Оё моякӯбӣ аз нигоҳи Ислом ҷоиз аст?
Моякӯбӣ аз нигоҳи дини Ислом ҷоиз мебошад, зеро он шахсро аз бемориҳои сироятӣ, маъюбият ва ҳатто марг ҳимоя менамояд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд мегӯяд, ки ба духтур муроҷиат накардан, ё сӯзандору нагирифтан, ё табобат накардан ва ё моякӯбӣ накардан зидди таълимоти Ислом аст.
“Агар инсон табобате, ки духтурӣ ҳасту муроҷиат накарда, вафот кунад, гунаҳкор мешавад, зеро худкушӣ ҳисоб мешавад. Бояд ба қадри имкон ҳаёти худро нигаҳ дорад, чунки умри инсон азиз аст”, - зикр мекунад Мӯсозода.
Таъмини солимии инсон ва ҷомеа
Моякӯбӣ на танҳо роҳи муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, балки як воситаи асосии таъмини солимии инсон ва ҷомеа мебошад.
Бо ваксинагирии саривақтӣ ҳар яки мо метавонем, паҳншавии бемориҳои хатарнокро дар байни фарзандону атрофиён ва ҳатто эпидемияҳоро пешгирӣ намоем.
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста