Сиёсатшинос Андрей Серенко дар шабакаи Telegram-и худ навиштааст, ки ҳанӯз тобистони соли 2023 хадамоти иктишофии Афғонистон дар бораи ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби “Вилояти Хуросон” дар Русия маълумот дар даст дошт ва сипас мақомоти баландпояи Русияро аз ин таҳдид ҳушдор дода буд.
Ба гуфтаи Серенко, дар ин бора дар як суҳбати телефонӣ ба ӯ яке аз раҳбарони собиқи хадамоти иктишофии Афғонистон хабар додааст.
"Ман шахсан охири моҳи июл - аввали августи соли 2023 дар Маскав будам ва бо ду мақоми баландпояи Русия мулоқот доштам, - гуфт ҳамсуҳбати ман. - Зимни мулоқотҳоямон ман, аз ҷумла маълумоти дар ихтиёрдоштаамонро дар бораи нақшаҳои мушаххаси “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҷиҳати анҷом додани амали террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон ба онҳо расонидам. Тавре ки кормандони хадамоти иктишофии мо маълум карданд, тарҳрезони “Вилояти Хуросон” ба 3 ҳамлаи террористӣ - 2 ҳамла дар Русия ва 1 ҳамла дар Тоҷикистон омодагӣ мегирифтанд. Ҳамлаҳои террористӣ бояд дар давоми 6-7 моҳ, яъне дар моҳҳои феврал ё марти соли 2024 сурат мегирифтанд».
Серенко менависад, ба гуфтаи ҳамсуҳбаташ, бахши афғонистонии ДОИШ иншоот бо издиҳоми зиёди мардум дар Қазон ё Маскавро аз ҷумлаи ҳадафҳои худ қарор дода буд.
«Пойтахти Тотористон макони афзалиятноки ҳамлаи террористии якум маҳсуб мешуд. Ҳамчун варианти эҳтиётӣ - Маскав зикр шуда буд. Фоҷеаи 22 март нишон дод, ки дар ниҳоят “Вилояти Хуросон” пойтахти Русияро ҳадафи худ интихоб кардааст”, - зикр мекунад коршинос.
Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки он замон ба хадамоти иктишофи Афғонистон муяссар нашуд, ки макони ҳамлаи дуюмро дар Русия мушаххас кунанд.
«Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ман, намояндагони Русия, ки ӯ ба онҳо ин ҳушдорро додааст, ба ӯ бовар накардаанд. Онҳо танҳо табассум карда, бо намуди зоҳирии худ нишон доданд, ки ба ин афсонаҳои даҳшатоваре, ки баъзе афғонҳо мегӯянд, эътимод надоранд», — навиштааст Серенко.
- Акнун ин мансабдорон ҳоло ҳам табассум мекарда бошанд? Зимнан, ҳамсуҳбати ман ному насабашонро ҳам номбар кард...».
Хадамоти иктишофи Украина: Русия аз 15 феврал дар бораи амали террористӣ огаҳӣ дошт
Хабаргузории Медуза менависад, хадамоти иктишофи Украина хабар медиҳад, ки аз омодагӣ ба амалҳои террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” хадамоти махсуси Русия пешакӣ медонистанд.
«Ҳадди ақал, 15 феврали соли 2024 Русия дар бораи омодагӣ огоҳ буд. Ман ба шумо бештар мегӯям, ки ин маълумот тавассути раёсати иктишофии гурӯҳ дар Сурия низ пешниҳод шудааст. Аз он ҷо ба Маскав ирсол шуд. Ва бигзор онҳо афсона нагӯянд, ки ҳамааш ба таври аҷибе аз ҷое рух додааст”,- гуфтааст Кирилл Буданов, сардори Сарраёсати иктишофи Вазорати дифои Украина зимни суханронӣ дар Форуми сеюми байналмиллалӣ оид ба иртибототи стратегӣ.
Ба гуфтаи Буданов, дар Кремл медонистанд, ки аз куҷо ва тариқи кадом ду давлат ҷангиён ба Русия меоянд.
“Чаро онҳо ба ин роҳ доданд - якчанд вариант вуҷуд дорад. Якум, аз рӯи одати онҳо, сабукдӯш кардани чанд мансабдор. Варианти дигар ин аст, ки онҳо воқеан миқёси ҳодисаро нодида гирифтанд. Фикр карданд, ки ин бештар маҳдуд хоҳад буд ва мехостанд дар ҳама чиз Украинаро гунаҳкор кунанд”, - гуфтааст Буданов.
Дар робита ба “пайи украинӣ” дар ҳамлаи террористӣ, ки Кремл онро ҷустуҷӯ дорад, сардори хадамоти иктишофии ҳарбӣ изҳор намудааст, ки мақомоти Русия фарзияҳои ҳодисаи дар Крокус рухдодаро аллакай се маротиба тағйир додаанд.
«Патрушев ва Бортников маро шахсан айбдор карда, гуфтанд, ки ба сурати умум, ин ҳамаро Украина содир кардааст. Ин сафсата аст. Воқеан, агар мо ба ин масъалаи дарднок дахл кунем, гарчанде ки онҳо душман бошанд ҳам, ман аслан амали террористӣ алайҳи мардуми осоиштаро қабул надорам, - изҳор доштааст Буданов.
Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” шоми 22 март рух дод. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ҳамла ба толори консертӣ 143 нафар кушта ва 360 тани дигар захмӣ шудаанд.
Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”-ро гурӯҳи "Давлати исломӣ" - “Вилояти Хуросон” ба дӯш гирифт. Ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ 8 нафар то 22 май ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Тибқи маълумоти тафтишот, панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ду нафари дигар зодаи ин ҷумҳурӣ бо шаҳрвандии Русия ва як нафари дигар зодаи Қирғизистон бо шаҳрвандии Русия мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия иддао доранд, ки дар паси ҳамлаи террористӣ Украина қарор дорад. Дар ин бора ҳам президенти Русия Владимир Путин, ҳам котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ва ҳам директори Хадамоти федералии амният (ФСБ) Александр Бортников изҳори назар карданд. Украина даст доштан дар ҳамлаи террористиро рад мекунад.
Ба навиштаи Bloomberg, дар доираҳои наздик ба Путин чунин мешуморанд, ки далели даст доштани Украина дар ҳамлаи террористӣ вуҷуд надорад, аммо президент "ният дорад, ки бо истифода аз ин фоҷиа, русҳоро дар ҷанг бо Украина муттаҳид созад".
Дар бораи амали террористӣ ИМА ҳам ҳушдор дода буд
Қаблан ТАСС бо такя ба як манбаъ дар хадамоти иктишофии Русия хабар дода буд, ки пеш аз ҳамлаи ҷангиён ба “Крокус Сити Холл”, ИМА хадамоти иктишофи Русияро аз ҳамлаи террористии қарибулвуқӯъ огоҳ карда буд.
Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, ки "воқеан ҳам чунин маълумот расида буд", аммо ба гуфтаи ӯ, "он бидуни мушаххасот хусусияти умумӣ дошт".
Пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” намояндагони ИМА гуфтанд, ки шаҳрвандони худро аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав ҳушдор дода буданд. Ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллӣ Ҷон Кирби гуфт, ки ИМА амрикоиҳоро "барои амнияти худ" ҳушдор дода буд. Кирби ҳамчунин изҳор дошт, ки "ҳеҷ аломате нест, ки даст доштани Украина ё украиниҳоро ба тирпаронӣ нишон диҳад".
Пас аз изҳороти мақомоти ИМА, намояндаи ВКХ Русия Мария Захарова изҳор намуд, ки масъалаи бар кадом асос хулоса баровардани шахсони расмӣ дар Вашингтон “дар бораи бегуноҳии касе дар миёни фоҷиа" суолҳоеро ба миён меорад.
"Агар ИМА ё ягон кишвари дигар дар ин бора маълумоти боэътимод дошта бошанд, пас онҳо бояд фавран ба Русия пешниҳод шаванд", - иброз доштааст Захарова.
Сафорати ИМА дар Маскав рӯзи 7 март ба амрикоиҳо ҳушдор дода буд, ки дар ду рӯзи оянда метавонад дар ин шаҳр ҳамлаи террористӣ сурат гирад. Латвия, Кореяи Ҷанубӣ, Шветсия, Канада, Олмон ва Чехия низ ҳамин гуна огоҳӣ нашр карда буданд.
Дар бораи ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои 8 ва 9 март дар Маскав хабар дода нашуда буд. Ҳамзамон, рӯзи 7 март Хадамоти федералии амният (ФСБ) аз пешгирии ҳамлаи террористӣ дар каниса (синагога)-и яҳудиён дар Маскав хабар дода буд, ки гӯиё аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон – “Вилояти Хуросон” омода шудааст. Дар омода кардани ҳамла ба канисаи Маскав ду шаҳрванди Қазоқистон гумонбар дониста шуданд.