Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ дар бораи якбора тағйирёбии обуҳавои дар кишвар дар рӯзҳои наздик хабар медиҳад.

Ба ин тариқ, рӯзи 29 ноябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва боридани борону шамоли сахт дар назар буда, дар баландии зиёда аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.

Дар як қатор ноҳияҳо боришоти пуршиддат пешгӯӣ шуда, он метавонад ба болоравии сатҳи об дар дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ, хавфи селфароиву сангреза ва тарма боис гардад.

Ба хотири эмин нигоҳ доштани хона ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро саривақт аз хазони рехтаву партовҳо тоза кунанд.

Аз шаҳрвандон боисрор даъват мешавад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

Ғайр аз ин, обуҳавои номусоид чаронидани чорво ва нигаҳдории онро дар чарогоҳҳо душвор мекунад.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ба роҳ баромадан воситаи нақлиёти худро ба сафар омода сохта, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Кумита хотиррасон менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳодисаи нохуш сокинон ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд. Ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.