Нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр намуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, китоби мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шуда, он зиёда аз 3 ҳазор намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад. Инчунин тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Акнун ба волидон ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи дар бораи таваллуди кӯдак метавонанд аз феҳрсити мазкур ном интихоб кунанд, вале ин ҳатмӣ нест.
Дар сомонаи расонаи мустақили Ахбор (Akhbor.com) дар ин робита гуфта мешавад, парлумони Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2016 бо ворид кардани ислоҳот дар қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” гузоштани номҳои "барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона” ва дар номи фарзандон илова кардани тахаллусҳое, чун "Мулло”, "Тӯра”, "Хӯҷа”, "Хоҷа”, "Амир”, "Шайх”, "Сӯфӣ”, "Халифа” ва амсоли инро манъ карданд. Ин қонун ҳамчунин корбурди номи паррандагон ва молу ашё дар номгузории фарзандон, ба мисли Санг, Табар, Теша, Майна, Зоғро низ манъ мекунад.
Мувофиқи анъанаҳои милии тоҷикӣ, фамилияи шахс метавонад аз номи падар ё решаи фамилияи ӯ бо пасвандҳои - ӣ, зод, зода, он, ён, йен, ёр, ниё ва фар ташаккул ёбад. Ҳамчунин номи шахс метавонад аз номи падар ё решаи фамиияи падар ё модар бидуни пасвандҳо сохта шавад.
Интихоби ном аз феҳристи таҳияшуда ҳатмӣ нест. Роҳбари шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Зулфониён ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба шаҳрвандон ба интихоби ному фамилия ва номи падар, ки ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асос ёфтааст, ҳуқуқ дода мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки ном барои кӯдак маҳз аз ҳамин феҳрист интихоб шавад.
«Шаҳрвандон бо назардошти анъанаҳои мллӣ ва фарҳанги тоҷикӣ ба фарзандони худ номҳоеро гузошта метавонанд, ки дар Феҳрист пешбинӣ нашудааст, - иброз дошт ӯ. - Танҳо ба кӯдак гузоштани номи бегона ба фарҳанги миллӣ, номҳои ашёву мол, парандаву ҳайвонот, номҳои таҳқиркунанда, ҳамчунин номҳои пастзанандаи шаъну эътибор ва номҳое, ки одамонро ба табақаҳо ҷудо мекунанд, манъ аст».