Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи “Внуково”-и Маскавро муваққатан қатъ кардааст. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ҳоло ҳавопаймоҳои ин ширкат танҳо ба фурудгоҳҳои “Домодедово” ва “Жуковский”-и Русия парвоз мекунанд.
Аз ин ширкат сабаби қатъи парвозҳо ба “Внукова”-ро шарҳ надоданд ва барои дарёфти маълумоти бештар аз “Азия-Плюс” дархости расмии хаттӣ талаб карданд.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи “Крокус” дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар ин кишвар якбора афзуд. Аз фурудгоҳи “Внуково” борҳо муҳоҷирон шикоят карданд, ки онҳоро бидуни шарҳ ба Русия роҳ надоданд ва ба Тоҷикистон баргардонданд.
Охирҳои моҳи июн 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекарданд, бо сабаби норӯшан дар фурудгоҳи “Внуково” аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд. Кормандони фурудгоҳ ба муҳоҷирон гуфта буданд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”.
“Азия-Плюс” бо 3 тан аз ин мусофирони ҳамсӯҳбат шуд ва ҷузъиёти рафту баргашти онҳоро пурсид, ки метавонед онро аз лини ин матлаб хонед.
Ба ғайр аз ягона ширкати ватании “Сомон Эйр”, ҳамчунин ҳавопаймоҳои ду ширкати русӣ “Урал Айрлинес” ва “Ютейр” аз Тоҷикистон ба Русия ва баръккс парвоз анҷом медиҳанд.
Қаблан Парвиз Шодмонзода, раҳбари “Тоҷик Эйр” соли гузашта дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ширкатҳои русӣ ҳар моҳ тақрибан 800 парвоз ба Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” танҳо 100 парвоз дар як моҳ анҷом медиҳанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иборат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 мебошад. Ин ширкат парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста