Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку»-ро баррасӣ дошта, дар муқоиса бо қонуни пешини аз соли 2010 амалкунанда, он меъёри истеъмоли тамокуро дар кишвар бештар сангинтар мекунад.
Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, истеъмоли тамоку дар биноҳои маъмурӣ, кабинетҳо кории корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои манзилҳо, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳу вокзалҳо, осоишгоҳу хобгоҳҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурра манъ карда мешавад.
Имрӯз алҳол метавон дар ҷойҳои махсус ҷудошуда барои он тамоку истеъмол кард, вале дар сурати қабули қонуни нав, чунин ҷойҳо қариб боқӣ намемонанд: истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ комилан манъ мешавад.
Ғайр аз ин, фурӯши маснӯоти тамоку дар масофаи 100 метр наздики муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилотҳои динӣ низ манъ мегардад.
Фурӯши тамоку ба шахсони синни аз 18-сола поин манъ шуда, агар фурӯшанда дар синнусоли харидор шубҳа дошта бошад, ба тақозои ҳуҷҷати дахлдор аз ӯ ҳуқуқ пайдо хоҳад кард.
Ҳамчунин дар кишвар фурӯши донагии маснӯоти тамоку ва ғайр аз ин, дар қаламрави Тоҷикистон иваз (бартер)-и маснӯоти тамку ба дигар молу хизмтрасониҳо ва тақсими бепули он ба аҳолӣ низ манъ карда мешавад.
Дар лоиҳаи қонун зикр шудааст, ки бо дархости сохторҳои дахлдор мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба истеъмоли тамоку дар муассисаҳои ислоҳӣ, беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ, хонаҳои калонсолон ва маъюбон иҷозат дода метавонанд. Дар онҳо барои истеъмоли тамоку ҷойҳои махсус муқаррар мешаванд.
Қонуни соли 2010 қабулшуда «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» ҳуқуқҳои истеъмолгарони онро қисман маҳдуд карда, тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуд, вале дар ҷойҳои махсус ба истеъмоли он иҷозат буд.
Мувофиқи қонуни амалкунанда, айни замон ба истеъмоли тамоку дар ҷойҳои махсуси дохили биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилотҳои динӣ, истироҳатгоҳҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳану автомобилҳо иҷозат дода шудааст.