Сокини шаҳри Душанбе, маъюб аз кӯдакӣ Мирзохӯҷа Самадов пулҳои худро ба «Тоҷпромбонк» бовар карда, бо 4 кӯдаки ноболиғи худ метавонад дар кӯча сарсону саргардон монад.

Баъди аз ҷониби «Тоҷпромбонк» рад шудани баргардонидани маблағ, ҷабрдида маҷбур шуд, ки ба Пешвои миллат ва кафили таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намояд.

Дар муроҷиат қайд мешавад, ки барои таъмини рӯзгори оила ӯ хонаи модарашро фурӯхта, худаш манзил иҷора мегирад ва барои таъмини таҳсили ояндаи кӯдакон, аз касе вобаста набудани онҳо ва ҳамчунин харидани манзили нави муосир, ҳамаи пулҳои аз фурӯши хонаи модараш бадастовардаро тибқи шартнома ба муҳлати 10 сол ба «Тоҷпромбонк» амонат мегузорад ва мизоҷи ин муассисаи молиявӣ мешавад.

«Аммо 3 марти соли 2017 «Тоҷпромбонк» муфлис эълон шуда, Бонки миллӣ ба он маъмури махсус таъин кард, - менависад ӯ. - Бо гузашти 10 моҳ ин маъмур моро бо ваъдаҳои бардурӯғ тасалло дода, мегӯяд, ки охири соли 2017 ҳамаи маблағҳои амонат гузоштаамонро медиҳад, лекин ҳатто барои харидани нон ҳам пул намедиҳад».

Номбурда қайд кардааст, ки агар дар ҷое ӯ бигӯяд, ки маъмури бонк пулҳои ӯро баргардониданӣ нест, мавриди ҷанҷолу сарзаниш қарор гирифта, аз ҷониби маъмур таҳдид мешунавад, ки пулҳояш ҳеҷ гоҳ баргардонида намешаванд.

«Зиндагии оилаи мо мушкил шуд, қарздорем, дар нимгуруснагӣ зиндагӣ мекунем, фарзандони маро чандин бор аз гимназия ронданд ва танҳо ба туфайли дархосту зориҳои ман бо шарти то соли нав пардохтани маблағи қарз барои таҳсил онҳоро дубора қабул карданд», - менависад ӯ дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки ӯ борҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат карда, вале ин ба маъмури «Тоҷпромбонк» таъсире накардааст.

«Дар аризаҳо ман хоҳиш кардам, ки амонатҳои маро аз суратҳисоби «Тоҷпромбонк» ба суратҳисоби «Амонатбонк» гузаронанд, то ки пулҳоямро дар ихтиёри худ дошта бошам, вале касе гӯши шунаво надорад, касе дар фикри он нест, ки ман бо доштани маблағи зиёд дар бонк, ба гурсунагӣ кашидан, қарзгирӣ, азоб додани фарзандонам маҷбурам ва ин ҳам дар ҳолест, ки фақат баргардонидани пулҳои шахсии худро мехоҳам», - қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Сокини пойтахт зикр мекунад, ки онҳо аз корхонаи машғул ба сохтмони манзилҳои замонавӣ, ки хариданӣ буданд, низ қарздор шудаанд ва акнун корхона ба онҳо огоҳинома додааст, ки дар ҳолати насупурдани маблағи боқимонда, манзили ба номи онҳоро ба каси дигар мефурӯшанд.

«Намедонам чӣ гуна зиндагонӣ кунам. Умедам танҳо ба Шумост, Ҷаноби олӣ. Ба ман кумак кунед! Бигзор амонатҳои маро аз суратҳисоби «Тоҷпромбонк» ба суратҳисоби «Амонатбонк» гузаронанд, то ки ба идомаи зиндагиам имкон пайдо кунам. Умедворам, ки ба дархости ман расидагӣ мекунед. Пешакӣ миннатпазирам. Бо эҳтиром Самадов Мирзохӯҷа», - омадааст дар фарҷоми муроҷиатнома.