Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва шарики он - Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ҷазои сангин нисбати Хайрулло Мирсаидовро маҳкум намуда, ин ҳодисаро хатари ҷиддӣ ба озодии баён дар ҷумҳурӣ унвон карданд.
«Бо вуҷуди чандин маротиба инкор шудан аз ҷониби ҳукуматдорон, ҷазои бениҳоят сангин аз ангезаи сиёсӣ дар ин мурофиа гувоҳӣ медиҳад, - изҳор медорад роҳбари шуъбаи Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон Йоханн Бир. - Мо озодии фаврии Хайрулло Мирсаидов ва баррасии беғаразонаи парвандаи ӯро дар зинаи болотар талаб мекунем. Аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунем, ки волоияти қонун дар кишвар ва озодии ҷараёни тафтишот дар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаро таъмин созанд».
Дар изҳороти муштарак қайд мешавад, ки сарфи назар аз мавҷуд набудани муҳри махфӣ дар ин парванда, ҷараёни тафтишот «пушти ҳафт қуфл сурат гирифта, дастрасии ВАО ва ҷомеа маҳдуд шуда буд».
«Мо мӯшикофона ҷараёни тафтиши парвнадаи Мирсаидовро пайгирӣ намудем ва маҷбурем изҳор намоем, ки эътироз зидди низоми коррупсионӣ муқобили худаш нигаронида шуд, - илова мекунад раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев. - Бо ин ҳукм суд умеди мардумро ба мубориза бо коррупсия зери хок мебарад, зеро акнун дигар касе аз ба забон овардани чунин далелҳо ба ҳарос меафтад».
Ҳукм нисбати Хайруло Мирсаидов дарҳол баъди содир шуданаш мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Дар изҳороти расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр шуд, ки «муҳокима ва зери танқид қарор додани ҳукми суд аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ҳамчун халалдор сохтани адолати судӣ арзёбӣ гардида, аз доираи этикаи касбии рӯзноманигор берун мебошад».
Ба ақидаи созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва АМВОМТ, изҳороти мазкур пурра оштинопазирӣ ва бетаҳаммулиро таҷассум намуда, талоши навбатии маҳдуд кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба озодии баён мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги байнулмилалии озодии баён, ки соли 2018 аз ҷониби созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ба нашр расид, байни 180 давлат Тоҷикистон зинаи 149-умро ишғол мекунад.
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.