Форуми байнулмилалии “Содружество моды" (Иттиҳоди мӯд) рӯзи 19 октябр дар кохи Таврический - қароргоҳи Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ маҷмӯи (коллексияи) сарулибоси тарроҳони тоҷик низ муаррифӣ шуд.

Тоҷикистонро Tajikistan Fashion Week бо маҷмӯи сарулибоси тарроҳон Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова ва Садбарг Мадраҳимӣ намояндагӣ карданд.


Ба гуфтаи директори генералии Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов, тамоми маҷмӯи либоси муаррифишуда танҳо аз матои миллӣ дӯхта шуд.


Иброҳимов дар ин ҳамоиш ҳамчунин дар мавзӯи "Баҳори дурахшони 23-юм бо таъми этникӣ" (Яркая весна 23-го с этническим колоритом) маърӯза карда, дар бораи вазъи имрӯзаи саноати мӯд дар Тоҷикистон ва фаъолияти тарроҳону истеҳсолкунандагон дар саноати сабук маълумот дод.

Дар кори форум ҳам бо ҳузури бевосита ва ҳам тариқи реҷаи онлайн 700 нафар намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

“Ин намоишгоҳ аз як сӯ асолати фарҳангҳо ва аз ҷониби дигар таъсири онҳоро ба ҳамдигар таҷассум кард”, - изҳор дошт Иброҳимов.

1/4

Чорабинӣ бо шоуи мӯд, ки дар он маҷмӯи нави либоси тарроҳони муваффақ аз кишварҳои ИДМ муаррифӣ шуд, анҷом пазируфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.