Солеҳа Холмаҳмадзода чанд рӯзи пеш ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст. Ин вазири нав собиқаи кории чашмрас надорад, вале 5 соли охир вакили парлумон буд. Маълум нест, аз мушкилоти муҳоҷират ё муҳоҷирони кори тоҷик огоҳ аст ё не. “Азия-Плюс” барои Солеҳа Холмаҳмадзода ёддоште омода кард, ки мушкилоти мубрамтарини кору муҳоҷиратро фарогир аст ва шояд вазири нав дар раванди кораш ба ин мушкилот расидагӣ кунад.

 

Мушкили №1 – муҳоҷирати тоҷикон дар Русия

Муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳо инҷониб ба буҳрони пурмоҷаро ва чолишҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ дучор гардидааст. Ин мушкилот дар соли 2024 амиқтар шуд. Пас аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав, ки бо боздошти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон иртибот дода шуд, сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия ба авҷи худ расид.

Солеҳа Холмаҳмадзода
акс сомонаи парлумони Тоҷикистон

Ин ҳодиса боиси афзоиши таҳқир, фишор ва санҷишҳои бесобиқаи муҳоҷирон гардид. Дар ин фазо, муҳоҷирони тоҷик аз ҳама бештар таҳти зарба қарор гирифтанд, аммо дар чунин ҳолати мураккаб онҳо қариб ҳеҷ пуштибон аз ҷониби Тоҷикистон дар Русия надоштанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо таҳдиди доимии аз даст додани мақоми қонунии иқомат, қатъ шудани иҷозатномаи кор ва бо бозгашту ихроҷи маҷбурӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддии ҳазорон оила дар Тоҷикистон гардидааст.

Ин вазъ натанҳо ба манфиатҳои шахсии муҳоҷирон, балки ба иқтисоди миллии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, зеро аксари даромади хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон таъмин карда мешавад. Бинобар ин, ҳар гуна тағйирот дар сиёсати муҳоҷират метавонад вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор диҳад.

Тибқи иттилои расмии мақомоти Русия, дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик қарор доранд, ҳарчанд омори расмии Тоҷикистон теъдоди онҳоро тақрибан 600 ҳазор арзёбӣ мекунад.

 

Ихроҷи бесобиқаи муҳоҷирон аз Русия

Шурӯъ аз моҳи марти соли гузашта вазъи муҳоҷирон аз пештара бадтар шуд. Ихроҷи бесобиқаи муҳоҷирон аз Русия, ки бо қабули қонунҳои нав дар ин кишвар рабт дошт, шиддат гирифт.

Дар соли 2024 аз Русия беш аз 80 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ ё "депорт" шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2023 (44 ҳазор нафар) тақрибан ду маротиба зиёд аст.


Ғайр аз ин, муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия аксар вақт бо санҷишҳои сахт ва муносибати табъизомез рӯбарӯ мешаванд ва ҳатто бедалел аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мешаванд. Соли 2024 дар фурудгоҳҳои Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро танҳо ба хотири риш доштан ё ба ҳаҷ рафтан ё ҳатто ба хотири “писанд нашудани чеҳра” аз ин кишвар хориҷ карда, гуфтанд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 3 ҳазору 400 муҳоҷири тоҷик ба Ватан ихроҷ шудаанд.

Аммо ин вазъ метавонад дар оянда боз ҳам бадтар шавад. Чунончи моҳи июли соли 2024 Русия қонунеро қабул кард, ки ба кормандони пулис иҷозат медиҳад, шаҳрвандони хориҷиро бе ҳукми додгоҳ аз ин кишвар ихроҷ кунанд. Қаблан, муҳоҷирон танҳо бо тасмими додгоҳ аз Русия ихроҷ мешуданд, ки ин ба онҳо имконият медод, то дар додгоҳ аз худ ҳимоят кунанд. Аммо ҳоло қонуни нав ин ҳифзи ҳуқуқиро заиф гардонидааст.

Ин тамоюли афзоиш нишон медиҳад, ки қонуни нав ҳадафи зиёд кардани фишор ва ҳатто ихроҷи муҳоҷиронро дорад. Барои муҳоҷирони тоҷик ин вазъият маънои аз даст додани манбаи асосии даромад ва, дар аксар ҳолатҳо, бо қарз ба Ватан баргаштанро дорад.


Дар чунин шароит, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бояд нақши фаъолтар дошта бошад. Беҳтар аст, ки ба таври чашмрас барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон бо мақомоти рус чораандешӣ кунад.

 

Фаъолияти чашмрас надоштани намояндагиҳо дар Русия

Ҳамчунин, фаъолияти намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ки бояд ҳомии аслии муҳоҷирони кории тоҷик бошад, комилан ноаён аст.

Рақамҳои намояндагиҳои вазорат, ки барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон дар авҷи боздошту ихроҷи онҳо дар соли гузошта, расонаӣ шуд, на ҳамеша фаъол буд. Муҳоҷирон борҳо шикоят карданд, ки ба тамосҳои пайдарпайи онҳо аз ин намояндагиҳо касе посух намедиҳад ва ҳатто як озмоиши “Азия-Плюс” ҳам собит кард, ки 50 дарсади ин рақамҳо фаъол нестанд.

Дар маҷмуъ, дар ҳолатҳои зарурӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик ин намояндагиҳо натавонистанд ба муҳоҷирон ҳимояи ҳуқуқӣ пешниҳод кунанд ва ё дар сатҳи дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти бамиёномада талош кунанд.

 

Танзими нодурусти муҳоҷирати тоҷикон ба Аврупо

Дар пасманзари ҳаводис ва маҳдудиятҳое, ки дар Русия бар зидди муҳоҷирон равона шуд, даричаҳои нави муҳоҷират ба Аврупо боз гардид. Муҳоҷират ба Британияи Кабир, ки имкони кор дар шароити нисбатан хубтар ва маоши баландро фароҳам меовард, барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон як фурсате буд, ки метавонист зиндагии онҳоро тағйир диҳад.


Соли 2022-юм 383 шаҳрванди Тоҷикистон бо шартномаҳои шашмоҳа барои корҳои мавсимӣ, асосан дар соҳаи кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили буттамеваҳо, сабзавот ва дигар маҳсулоти ба Британияи Кабир фиристода шуданд. Маоши миёнаи онҳо назар ба Русия чанд маротиба баландтар – тақрибан 90 доллар дар як рӯз – ҳисоб мешуд.

Аммо ин барнома, ки умедҳо ба ояндаи беҳтари муҳоҷиратро дода буд, дар натиҷаи танзими нодуруст ва амалҳои ғайриқонунии баъзе муҳоҷирон ба бумбаст мувоҷеҳ шуд. Дар натиҷа, чанд сол боз Британияи Кабир шаҳрвандони Тоҷикистонро дигар ҳамчун муҳоҷири корӣ қабул намекунад.

Бархе аз муҳоҷирон, ки пас аз анҷоми муҳлати шартномаи шашмоҳа ба Тоҷикистон барнагаштанд ва ғайриқонунӣ дар Британияи Кабир монданд, сабаби аслии қатъ шудани барномаи муҳоҷират шуданд.

 

Таъмин бо ҷойи кори воқеӣ дар Тоҷикистон

Яке аз мушкилоти умдаи дигар ин таъсиси ҷои корӣ дар дохилӣ кишвар ё таъмини аҳолӣ бо ҷои кор дар худи Тоҷикистон аст, ки солҳост баҳсбарангез аст. Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон аз таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ хабар медиҳанд. Аммо, новобаста аз ин, ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди кишвар бо баҳонаи наёфтаниҷои кор дар дохил ба муҳоҷират мераванд.

акс аз Asia-Plus

Сабабҳои асосии ин тамоюл равшананд: ҷойҳои кори нав, ки аксаран дар бахши давлатӣ ё сохтмон эҷод мешаванд, маоши паст ва шароити маҳдуд доранд. Ғайр аз ин, ҷавонон, ки қисми асосии нерӯи кориро ташкил медиҳанд, ба далели даромади бештари молӣ, ба кор дар хориҷи кишвар бартарӣ медиҳанд.

Аз сӯи дигар, баъзе корхонаҳо баъди ба истифода додан бо сабабҳои номаълум аз кор мемонанд. Ин чиз ҳам омори таъсиси ҷойҳои нави кориро ба чолиш мекашад.

Ба ақидаи коршиносон, танҳо бо фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои истеҳсолӣ, метавон муҳоҷиратро коҳиш дод ва мардумро ба шуғли дохилӣ ҳавасманд кард.

 

Адами ҳамкорӣ бо расонаҳо

Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсири манфӣ мерасонад, ҳамкории судманд надоштани намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо расонаҳо ва рӯзноманигорон мебошад.

Дар ҳолатҳои фавқулода, онҳо ё дер вокуниш нишон медиҳанд ё бо изҳороти кӯтоҳ ва нопурра маҳдуд мешаванд, ки наметавонанд саволҳои ҷомеаро пурра посух гӯянд.

Зимнан, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам на ҳамеша ба саволҳои рӯзноманигорон дар робита ба мушкили муҳоҷирон посух медиҳад. Муфассалтар дар ин бора метавонед, дар ин мақолаи “Азия-Плюс” хонед.

Ба қавли рӯзноманигорону коршиносон, набудани ҳамкории муассир бо расонаҳо сабаби гирифтани иттилоъ аз манбаъҳои ғайрирасмӣ мешавад. Ин вазъ гоҳо боиси паҳн гардидани маълумоти носаҳеҳ мегардад, ки ҷомеаро ба таҳлука меорад.

Агар вазири нави кору муҳоҷират ба ин ҳама мушкилоти муҳоҷирон дар Русия, таъмини ҷои кор дар дохили кишвар ва "роҳкушо"-и ба муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои аврупоӣ расидагӣ кунад, метавон гуфт, ки эътимоди ҷомеаро барқарор карда, ниҳоди роҳнамо ва такягоҳи муҳоҷирон ва аҳолӣ хоҳад шуд. Ҳарчанд ин кор хело заҳмату талоши зиёдро талаб мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.