Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Панҷакент-Душанбе имрӯз, 24 январ бо 17 мусофир анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс 45 дақиқаӣ давом кардааст.
“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 10:25 парвоз карда, соати 11:10 ба фурудгоҳи Панҷакент фуруд омад. Аз шаҳри Панҷакент ҳавопаймо соати 12:25 парвоз карда, соати 13:10 ба Душанбе фуруд омад” – гуфтанд аз ин ширкат.
Дар ҳавопаймо як қатор мансабдорон, аз ҷумла муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини директори генералии ин ширкат низ будаанд. Мусофиронро дар Панҷакент масъулини ҳукумат ва аҳли ҳунар пешвоз гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” рӯзи 8-уми январ аз кушода шудани хатсайри нави ҳавоӣ дар масири “Душанбе-Кӯлоб” ва “Душанбе-Панҷакент” иттилоъ дода буд.
Парвози аввалин дар масири “Душанбе-Панҷакент” бояд 14-уми январ анҷом меёфт, аммо 4 маротиба ба таъхир гузошта шуд. Масъулин сабаби ба таъхир гузошта шудани парвозҳоро ба номусоидии ҳаво рабт дода буданд.
Парвоз дар масири “Душанбе-Панҷакент” ва баръакс ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат мегиранд. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ гуфта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста