Чанд рӯз пеш котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев хабар дод, ки масъулияти ҷавобгарии муҳоҷирони корӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар кишвар сангинтар карда мешаванд, хабар медиҳад Life.Ru.

Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти худ раиси Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки “барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳои зисти дастаҷамъонаи муҳоҷирон тадбирҳои васеъмиқёс ва ҷиҳати пурзӯр кардани назорати муҳоҷират ва масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар мамлакати мо тағйирот дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаааст”.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти интизомӣ ва хадамоти махсус вазифадор шудаанд, ки аъзои созмонҳои байналмилалии террористиву ифротгароро, ки аз воситтаҳои (каналҳои муҳоҷират) барои содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳо истифода мебаранд, ошкор кунанд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Патрушев, ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ, таҳсили фарзандони онҳо бо барномаҳои умумии таълимии Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Нашрияи “Деловой Петербург” менависад, президенти Русия Владимир Путин рӯзи 19 октябр зимни ҷаласаи Шӯрои амният изҳор дошт, ки сиёсати муҳоҷират дар Русия ба ислоҳот ниёз дошта, чунин зарурат "дар робита бо тағйирот дар ҷаҳон" ба миён омадааст.

Ба иттилои нашрияи Life.Ru, дар ин ислоҳот дар навбати аввал амалисозии лоиҳаи таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар назар аст, ки аз ҷониби президент Путин дастгирӣ ёфта буд.

Дар ин марказҳо натанҳо гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунӣ, балки пайгирии ҳузури муҳоҷирон дар Русия, аз ҷумла шуғл ва макони воқеии зисти онҳо дар назар дошта шудааст.

Ғайр аз ин, дар марказҳои мутобиқшавӣ мусоидат ба таҳсили фарзандони муҳоҷирон мутобиқи барномаҳои умумии таълимии Русия пешбинӣ шудааст.

Сурат: "Ведомости"

Ислоҳоти дигари муҳим дар ин самт ба навиштаи нашрия, баргузории тадбирҳо оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳои иқомати дастаҷамъонаи муҳоҷирон мебошад.

Дар ин самт ягона кардани меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда дар соҳаи муҳоҷират, саҳеҳ кардани моҳияти мафҳумҳои “анклав”, “диаспора” ва ғайра аз лиҳози ҳуқуқӣ пешниҳод мешавад, то ки барои кори муташакилона бо гуруҳҳои этникӣ бештар имкон диҳад.

Самти дигари ислоҳот зарурати бозбинии тартиби ҷудо кардани квотаҳо номбар шудааст, зеро кори ғайриқонунӣ ба сурати умум, ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат менамояд.

Ҳуқушиноси ширкати «Европейский дом права» Залимхан Магомедов дар ин робита изҳор намудааст, ки айни замон муҳоҷир тибқи квота барои кори сохтмон дар кишвари Краснодар ё парвариши сабзавот дар вилояти Астрахан ба Русия ворид шуда, сипас метавонад дар як ҷойи кораш осону сабуктар ва маошаш баланд дар Маскав фаъолият кунад.

Сурат: АГН Москва

Зикр шудааст, ки барои ин кор ба муҳоҷирон ҳеҷ ҷазое пешбинӣ нашуда, бидуни пурзӯр кардани назорат аз ҷониби давлат дар ин самт ба тартиб вардани ин раванд ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи тоҷик Каримҷон Ёров, таъсиси марказҳои мутобиқшавӣ ин як ғуломии расмӣ барои муҳоҷирон аст.

“Мо дар яке аз онҳо шоҳиди он будем, ки гурӯҳи зиёди муҳоҷиронро ба он ҷо дароварда, корҳои шарҳу тавзеҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар таҳдидро ба хотир меоварданд”, - гуфтааст ҳомии ҳуқуқ.

Ёров мегӯяд, аз лиҳози ҳуқуқи башар ин марказҳо муҳоҷиронро ба ғуломон табдил дода, ташкили онҳо мухолифи ҳадафҳои таъсиси онҳост.

“Маҳз ҳаминҳо анклав мешаванд. Агар дар бораи сангинтар кардани қоидаҳо барои муҳоҷирон сухан гуфтанӣ бошем, бе ин ҳам ҳамаи чораҳои имконпазир барои онҳо кайҳост, ки сангин шудааст. Боз чӣ монд?”, - зикр мекунад Ёров.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.