Рӯзи 31 октябр таҳти раёсати президент ва раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,6 млрд сомонӣ ё 15,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025-ум 29,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад.

Президент изҳор намуд, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024-ум 7,5 млрд сомонӣ ё 17 фоиз зиёд ва ба 31,1 ММД-и соли оянда баробар мебошад. Ба ин тариқ, касри буҷети соли оянда 2,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда “бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст”.

Тавре таъкид гардид, таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дар сиёсати молиявии ҳукумати кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

“Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 46,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад”- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки дар соли 2025 барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ 15,2 млрд сомонӣ равона карда шавад.

Дар робита ба дурнамои  нишондиҳандаҳои  буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 зикр шуд, ки даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 53,4 млрд сомонӣ ва дар соли 2027-ум - 57,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2026 ба маблағи 54,9 млрд сомонӣ ва соли 2027 дар доираи 59,3 млрд сомонӣ дар назар дошта шудааст. 

Гуфта мешавад, баъди баррасӣ қарори ҳукумати Тоҷикистон оид ба буҷети давлатии ҶТ барои соли 2025 ва дурнамои  нишондиҳандаҳои  буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 қабул карда шуд.

Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Иқтисод дар ҳоли рушд аст, лекин камбудиҳо ҳам ҳастанд

Дар маҷлиси ҳукумат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил ва барои ислоҳи камбудиҳо дар назди ҳукумат вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Зикр шуд, ки давоми моҳҳои январ-сентябр суръати рушди ММД дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15 фоиз, кишоварзӣ - зиёда аз 11, хизматрасонии пулакӣ - 16, боркашонӣ - 15, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо - 12 ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 7 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3 фоизро ташкил намуд.

Таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет дар маҷмӯъ, 33,3 млрд сомонӣ ворид шудааст. Дар кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 334 млн доллар сармояи мустақими хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58 фоиз зиёд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “бо вуҷуди натиҷаҳои зикршуда, ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳо ба назар расида, аз ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд”.

Ӯ зимни таҳлил ба масъалаи вусъат додани раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонии пешниҳоди хизматрасониҳо, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда, бартарафсозии монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа дод.

Ба гуфтаи президент, дар соҳаи энергетика паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он ҳамчун мушкилоти ҳалталаб боқӣ монда, супориш дода шуд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ба 52,3 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 11,4 фоиз зиёд мебошад. Вале суръати рушди истеҳсоли баъзе маҳсулоти соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 паст гардидааст.

Вобаста ба ин, дастур дода шуд, ки ба масъалаҳои сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва сабзавоти барвақтӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, риояи ҳатмии меъёрҳои агротехникии захираи тухмиҳо ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифат, инчунин, рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ эътибори аввалиндараҷа дода шаванд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор барои тақвият бахшидани фаъолияти намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ ва гуногунсамтии муҳоҷират супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Инчунин дастур дода шуд, ки ба назорат барои вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти банақшагирифташуда суръат бахшида шуда, сифати корҳои сохтмон зери назорати қатъӣ қарор гирад.

Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилот супориш дод, ки корҳоро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус муассисаҳои иҷтимоӣ ҷоннок намоянд. Барои захираи кофии маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва вусъати корҳои созандагӣ дастур супоришҳо дода шуд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин карда шуда, оид ба ҷалби ҳарчи бештари ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.