Як хонандаи синфи 2 аз деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб дар деҳаи Марғедари ин шаҳр бар асари садамаи нақлиёт ҷон бохтааст. Ӯ бинобар набудани мактаб дар деҳаи зисташ, ба деҳаи ҳамсоя, ки 8 километр дуртар аз хонашон будааст, рафта дарс мехондааст.
Ҳодиса дирӯз, 30-юми октябр рух дода, дар ин бора Холиқназар Ҷумъаев, журналист ва нависандаи тоҷик, ки ҳамзамон сокини ин деҳаи Бӯстон мебошад, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Ӯ навиштааст, ки Тарона Ниёззода, сокини деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии Панҷакент, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 53-и деҳаи Марғедар, таҳсил мекард, ҳангоми бозгашт аз мактаб қурбони садамаи нақлиётӣ шуд. Ҳодиса тақрибан соати 16.40 дар ҳудуди деҳаи Марғедар 400 м дуртар аз мактаб рух дода, номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ғафуров Фахриддин, директори мактаби №53 воқеаро тасдиқ карда гуфт, дар деҳаи Бӯстон мактаб нест ва фарзандони сокинон дар мактабҳои ҳамсоядеҳа таҳсил мекунанд.
Директори ин мактаб гуфт, ҳанӯз соли 2010 Ҳукумати шаҳри Панҷакент қарор бароварда буд, ки дар деҳаи Бӯстон мактаби дорои 6 синфхона сохта шавад.
Ба гуфтаи ӯ, қарори ҳукумати вилояти Суғд низ ҳаст, вале қарори ҷумҳурӣ нест, бинобар ин то ҳол ин ваъда иҷро нашудааст.
Бобо Солеҳзода, сухангӯи шаҳрдори Панҷакент ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, воқеан дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки 27 сол пеш таъсис ёфтааст, мактаб нест.
Шаҳрдорӣ тафсилоти ваъдаи сохтани мактабро дар ин деҳа шарҳ надод.
Деҳаи Бӯстон тақрибан 400 хонандаи мактаб дошта, наздик ба 300 нафари онҳо дар мактаби деҳаи Марғедар ва боқимонда дар ҳамсоядеҳаҳои дигар – Гулистон, Ғазза ва Шашқат таҳсил мекардаанд.





Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста