Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Дар ин робита Кумита ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ боисрор тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, саёҳат ва тамошо дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат тариқи ағба ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, инчунин аз ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзанд.

Бо муроҷиат ба сокинони ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои воқеъ дар наздикии обанборҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ дархост мешавад, ки бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво ва ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел, каналу селроҳа ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.