Дар Тоҷикистон баъзан ҳаво дар тобистон то 40 дараҷа гарм мешавад. Ва дар чунин гармӣ кор кардан душвориҳои худро дорад. Дар кишвари мо дар чунин ҳарорат кор кардан мумкин аст ва қонун дар ин бора чӣ мегӯяд?
Корфармо бояд кадом шароитҳоро таъмин кунад?
Мувофиқи моддаи 331 Кодекси меҳнати Тоҷикистон, корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намояд. Ин ҷо чӣ фаҳмида мешавад?
Тибқи шарҳи қонун, кор вақте бехатар шуморида мешавад, ки кормандон аз таъсири омилҳои истеҳсолии хатарнок ё зараровар эмин бошанд. Лекин ин омилҳо кадомҳоянд ва ҳолатҳои мушаххаси он дар қонун зикр нашудааст.
Дар ҳама гуна ҳолат, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки шароити кори шумо набояд ба солимии шумо зарар расонад.
Ҳарорат чӣ гуна зарар расонида метавонад?
Ҳарорати беҳад баланд метавонад ба як қатор оқибатҳои манфӣ барои ҷисм (организм) боис гардад.
Набз тезтар шуда, нарасидани кислород оғоз мегардад ва аз сабаби гармии шадид ба майна камтар хун ҷорӣ мешавад, ки боиси нуқс дар рагҳои мағзи сар шуда метавонад.
Ҳамаи ин метавонад, дар беҳтарин ҳолат ба зарбаи гармӣ ва бадтарин ҳолат - сактаи дил, инсулт ё ҳатто марг оварда расонад.
Аз ин рӯ, ҳарорати баланд ба таври возеҳ ба шароити зарарноки корӣ мансуб аст.
Оё дар қонун ҳадди мушаххаси ҳарорат вуҷуд дорад?
Бевосита дар Кодекси меҳнат ҳарорати дақиқе, ки корфармо бояд таъмин кунад, нишон дода нашудааст. Аммо он дар «Меъёрҳои санитарии иқлими миёна (микроклимат)-и биноҳои истеҳсолӣ» ҳаст, ки онро Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз 31 марти соли 1986, №4088-86 тасдиқ кардааст ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунад.
Тибқи ин меъёрҳо, дар мавсими гармии сол (яъне дар тобистон) ҳарорат дар ҷои кор бояд на бештар аз 28 дараҷа нигоҳ дошта шавад.
Дар чунин гармӣ кор карда наметавонам. Чӣ бояд кард?
Мувофиқи моддаи 337 Кодекси меҳнат, агар корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд. Дар ин бора бояд роҳбари бевоситташро хабардор созад.
Дар ҳамин ҳол, дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.
Яъне агар бар асари ҳавои хеле гарм ва дамнок вазъи кормандон бад шавад, то бартараф намудани мушкил аз ҷониби корфармо, онҳо метавонанд кор накунанд. Ҳамчунин дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.
Корфармо дар гармӣ бояд чӣ кор кунад?
СанПин №4088-86 ба корфармо роҳу воситаҳои зерини ҳалли мушкилро пешниҳод мекунад: насби низомҳои ҳавосардкун (кондитсионерҳо), таъмин бо сарулибоси махсус ё дигар воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ё муҷаҳҳаз намудани биноҳо барои истироҳат.
Агар аз ин чизе ҳосил нашавад, пас бояд дар кор танаффусҳо эълон кунад (масалан дар авҷи гармии ҳаво), вақти рӯзи кориро кам кунад ё рухсатии меҳнатии кормандонро дароз кунад.
Агар корфармо ба ин масъала бепарво бошад чӣ?
Корфармоҳо ва мансабдорон барои расонидани зарар ба саломатии корманд масъуланд.
Дар сурати нақзи ҳуқуқҳои кории шумо, метавон ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кард.
Баъзе корфармоён шояд огоҳ набошанд, ки ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ назар ба харидан ва гузоштани кондитсионерҳо дар идораҳо ё бозбинии вақти корӣ хеле гаронтар меафтад.