Ду сол пеш лоиҳа доир ба ҷорӣ намудани истифодаи гаджетҳо дар ҷараёни таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон ҳам дар сатҳи Вазорати маориф ва ҳам миёни ҷомеа фаъолон баррасӣ мешуд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳатто тамоми дастури таълимӣ (версияи электронӣ) дар сомонаи вазорат ҷойгир шуда буд.
“Лекин лоиҳа бинобар сабаби норозигии волидон амалӣ нашуд, зеро ба ақидаи онҳо, планшет таваҷҷуҳи кӯдаконро аз ҷараёни таълим дур мекунад. Аксарият бар ин назаранд, ки хонандагон ба ҷойи дарсхонӣ ба бозӣ машғул мешаванд”, - шарҳ дод Саидзода.
Дар ҳамин ҳол, вазир илова намуд, ки ин масъала ҳоло ҳам алношуда боқӣ монда, минбаъд низ баррасӣ мешавад.
“Дарвоқеъ ҳам, имрӯз технологияҳои нав босуръат дар ҳоли рушданд ва мо ҳам намехоҳем, ки қафо монем, мехоҳем, ки ҳамқадами замона бошем, аз ин рӯ оянда низ ин ташаббусро баррасӣ хоҳем кард”,- зикр кард Саидзода.
Ёдрас мекунем, ки 1 августи соли 2023 Раҳим Саидзода изҳор дошта буд, ки вазорат лоиҳаи наве таҳия мекунад, ки пас аз қабули он ба истифодаи планшет ва дигар воситаҳои техникӣ дар мактабҳо иҷоза дода мешавад.
Он замон ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф” пешбинӣ шуда буд, ки ба толибилмон ҷиҳати истифодаи фаъоли дастгоҳҳои техникӣ дар ҷараёни таълим имкон медод. Зикр шуда буд, ки ин қарор бо таҷрибаи кишварҳои рушдёфта асоснок карда мешавад.
Аммо моҳи январи соли ҷорӣ вазир дар мусоҳиба ба рӯзномаи “Омӯзгор” зикр кард, ки “масъалаи истифодаи планшет ва телефонҳои мобилӣ танҳо ба хотири беҳбуди таълим ва на бештар аз он” баррасӣ шуда буд.
“Бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобаста ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад”, - шарҳ дода буд Саидзода.