Дар Тоҷикистон консорсиум ё иттиҳоди миллии 5G, ки Хадамоти алоқа ва операторони мобилиро муттаҳид месозад, таъсис меёбад. Вазифаи он, ҷорисозии технология, ягона кардани меъёрҳо ва суръат бахшидан ба рақамисозии кишвар мебошад. Дар бораи ҳадафу вазифа ва дурнамои консорсиум  “Азия-Плюс” бо Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон суҳбат кард.

 

- Ҳадаф ва вазифҳои консорсиуми миллии 5G аз чӣ иборат аст?  

- Ҳадафи консорсиуми миллии 5G ҳамоҳангсозии татбиқи технология байни операторон, пешгирӣ аз сармоягузории такрорӣ, якрангсозии меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои техникӣ аст.

Он барои идораи муштараки басомад, ҷорисозии (навовариҳои) миқёспазир бо хавфҳои начандон зиёд имкон медиҳад, инчунин ба сиёсати давлатӣ дар самти рақамисозӣ ва рушди шаҳрҳои “ҳушманд” мусоидат мекунад. Ҳамчунин, он имкон медиҳад, ки сармоягузории хориҷӣ ва технлогияҳои нав ба кишвар бештар ҷалб шавад.

- Бархе аз операторон аллакай 5G-ро дар минтақаҳои ҷудогона роҳандозӣ кардаанд. Пас консорсиум барои чӣ лозим аст?

- Сабабҳои калидиро номбар мекунам: бо сабаби хатҳои гуногуни басомад, роҳу воситаҳои меъморӣ ва адами механизмҳои ҳамкории байнишабакавӣ хавфи пора-пора шудан (ҷудогона будан) вуҷуд дорад.

Сипас мо бесамар будани сармоягузориҳои зерсохториро мушоҳида мекунем, зеро метавон онро дар ҳамдастӣ ва ҳамоҳангӣ истифода бурд, то ки хароҷоти зиёдатӣ пешгирӣ ва пӯшиш (фарогирӣ) суръат бахшида шавад.

Баъдан гуфтушунид ва меъёрҳо муҳиманд, чун нисбат ба харидҳои пуррақобати якка шароити беҳтар фароҳам меоранд. Давлат ба ҷорисозии мувофиқашудаи 5G бо назардошти стратегии миллии рақамисозӣ, амният ва тақсимоти басомад манфиатдор аст. Консорсиум барои ин ҳамкории муштарак як майдони муносиб аст.

Ба ин тариқ, консорсиум на ба ҷойи лоиҳаҳои роҳандозишуда, балки ҷиҳати ба тартиб даровардани онҳо, меъёрсозӣ ва зиёдмиқёс гардонидан лозим аст.

Акс аз торнамои businessmir.kz

- Кори иштирокчиёни консорсиум чӣ гуна ҳамоҳанг мешавад. Оё маркази ягонаи идоракунӣ дар назар аст ё ҳар кадоме аз операторон мустақилона амал мекунанд?

- Кори иштирокчии консорсиум дар ҳолатҳои муҳим ба таври мутамарказ ҳамоҳанг мешавад: тақсимоти басомадҳо, пайгирии басомади радиоӣ, тақсимоти майдонҳо ва якрангии дастгоҳу таҷҳизот.

Консорсиум метавонад меъёрҳои техникӣ ва сифатро таъин карда, мутобиқати операторонро ба ин талабот бо тасҳеҳот санҷад. Дар ҳамин ҳол, операторон метавонанд мустақилона шабакаҳоро дар қитъаҳои худ рушд диҳанд, лекин бояд меъёрҳои техникӣ ва шартҳои консорсиумро риоя намоянд.

- Оё ягона ё худ якхела кардани меъёрҳои техникӣ ва тақсимоти басомадҳо барои ҳамаи иштирокчиён ба нақша гирифта шудааст?

- Бале, ин амалан як таркиби ҳатмии кори консорсиум барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии шабакаҳо аст. Якрангсозӣ аз фарогирии диапазонҳои басомад ва тақсими онҳо байни операторон, махсусгардонии ягонаи техникии таҷҳизот, дастгоҳи таҷҳизоти якхела ва протоколҳо (дар сатҳи шабакаи нақлиётӣ, шабакаи "core" ва табодули трафик байни операторон), инчунин идоракунии муштараки пайгирии басомади радио ва пешгирии нуқсонҳо иборат аст.

Ба шаҳрвандон ва тиҷорат чӣ манфиат меорад

 - Дар кадом марҳилаву кадом минтақаҳо 5G ба таври бузургмиқёс ҷорӣ мешавад? Минтақаҳои санҷишӣ дар куҷо пешбинӣ шудааст?

- Минтақаҳои санҷишӣ аллакай дар қисмате аз Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузург амал мекунанд ва операторон дар он ҷойҳо 5G-ро роҳандозӣ кардаанд. Панҷ соли минбаъда ҷорисозии бузургмиқёс оғоз гардида, ҳиссаи аҳолии бо 5G фарогирифта ҳудуди 50%-ро ташкил хоҳад дод.

- Барои комилан роҳандозии тиҷоратии 5G дар саросари кишвар чӣ қадар вақт пешбинӣ шудааст?

- Бо назардошти душвории зерсохтор, сармоягузорӣ ва сатҳи пӯшиш, интизор меравад охири соли 2026 ба таври тиҷоратӣ роҳандозӣ шавад. Пӯшиши сартосарӣ ва истифодаи васеи 5G соли 2030 дар назар аст.

Акси марбута аз Asia-Plus

- Барои шаҳрвандон, тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ ҷорисозии 5G чӣ афзалиятҳо дорад? Оё барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ё саноат лоиҳаҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст?

- Барои шаҳрвандон интернети баландсуръати мобилӣ (то нишондиҳандаҳои гигабитӣ), таъхирҳои кам (барои бозӣ, видео ва дастгоҳҳои фаъол муҳим аст), алоқаи устувор ва хушсифат, имкони насб дар ҷойҳои дастрасии маҳдуди ноқилӣ ва дастгирии дастгоҳҳои “ҳушманд”-и шаҳрӣ хубтар дастрас мешавад.

Тиҷорат метавонад шабакаҳои корпоративии 5G-ро дар корхонаву паркҳо истифода барад, Internet of Things (IoT)-ро бо зичии баландтарин аз дастгоҳҳо ҷорӣ созад, истеҳсолотро худкор кунад, назорати фосилавиро роҳандозӣ кунад, аз барномаҳои AR/VR истифода барад, ба тавсеаи табдилёбии рақамӣ (дафтарҳои кории ҳушманд, логистика, паҳподҳо (дронҳо), системаҳои мустақил) суръат бахшад ва барои таҳияву ҳалли AI-қарорҳо аз суръат ва эътимоднокии баланд истифода барад.

Ба сохторҳои давлатӣ хидматрасонҳои боэътимоди рақамӣ, тибб ва таҳсилоти фосилавӣ, мактабҳои ҳушманд, низомҳои пайгирӣ, хадамоти садамавӣ, таҳлили видеоӣ, дастгирии амнияти ҷамъиятӣ ва “шаҳри ҳушманд” пешниҳод мегардад. Ҳамчунин сифати ҳамкории муштараки байни идораҳо ва табодули маълумот дар реҷаи вақти воқеӣ беҳтар мешавад.

- Барои рушди зерсохтори 5G аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст? Оё ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва таҳвилгарони технологияҳо дар нақша ҳаст?

- Маблағгузорӣ аз ҳисоби сармоягузории худи операторон, маблағгузорӣ аз ҷониби давлат ва кумакпулиҳо, қарзу грантҳои байнулмилалӣ, инчунин сармоягузории шарикони ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва технологияҳо сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.