Дар Русия қонуне қабул шуд, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда мекунад. Тибқи тартиби нав, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷир бекор кунад, агар теъдоди муҳоҷирон аз меъёри ҷои кори минтақавӣ зиёд бошад. 

Ҳарчанд тағйироту иловаҳои қабулшуда корфармоҳоро аз ҷаримаҳо ҳимоя мекунанд, вале муҳоҷиронро бештар осебпазир ва вазъи онҳоро то ҷое бад мекунад. Чунки пештар муҳоҷирро танҳо бо асосҳои федералӣ аз кор озод карда метавонистанд. Масалан, муҳлати амали патенти кор ба охир расид, иҷозатнома бекор шавад ё ширкат аз квотаи федералии муқарраршуда зиёд коргар қабул кунад.

Акнун ба ин асосҳо маҳдудиятҳои минтақавӣ низ илова шуданд. Агар минтақа ба теъдоди кормандони хориҷӣ дар соҳаи мушаххас ё корхона маҳдудият ҷорӣ карда бошад, корфармо барои риояи ин маҳдудиятҳо, метавонад кормандро аз кор хориҷ кунад.

Дар ин бора муфассалтар маълумот медиҳем.

 

Чӣ тағйирот сурат гирифт?

Дар Русия ба Кодекси меҳнат тағйирот ворид шуд. Акнун тибқи моддаи 327.6 Кодекси меҳнати ин кишвар барои аз кор озод намудани муҳоҷирон асоси нав илова гардид.

Акнун дар ҳолате, ки агар дар минтақаи фаъолияти онҳо ба шумораи ҷойҳои корӣ барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ маҳдудият ҷорӣ шуда бошад, корфармоҳо метавонанд муҳоҷиронро аз кор озод кунанд. Ҳоло тағйирот мавриди амал қарор нагирифта, аз 1-уми марти соли 2026 ба ҳукми иҷро медарояд.

 

Пештар чӣ гуна буд?

Қаблан ба ин монанд маҳдудиятҳо ба шумораи муҳоҷирон дар ширкат асоси қонунӣ барои аз кор озод намудан маҳсуб намеёфт, ҳарчанд барои риоя накардани онҳо, метавонистанд корфароморо то 1 млн рубл ҷарима кунанд.

Қонуни нав ба ширкату корхонаҳо имкон медиҳад, ки меъёрҳои минтақавиро бидуни хавфи муҷозот риоя намоянд.

Барои муҳоҷирон якбора чанд мушкилот пеш меояд:

Кор нисбатан камтар босубот мешавад. Ҳатто агар шахс хуб кор кунаду ҳамаи ҳуҷҷатҳояш дуруст бошанд, ӯро танҳо барои маҳдудият дар минатқа, метавонанд аз кор озод кунанд.

Фарқиятҳои минтақавӣ. Дар баъзе вилоятҳо маҳдудиятҳо шадиду сангин буда, хавфи аз кор хориҷ гардидан зиёдтар аст. Дар дигар минтақаҳо маҳдудиятҳо сабуктаранд ва имкони дар кор боқӣ мондан бештар аст.

Омодагӣ барои тағйирот лозим аст. Муҳоҷирон бояд ба он омода бошанд, ки агар ширкат ба риояи квотаҳои минтақавӣ маҷбур шавад, ҷойи кори нав ёфтан ё ба дигар ҷой кӯчидан лозим меояд.

Акс аз торнамои moskvichmag.ru

 

Ба таври мисол, як қаҳвахона дар вилояти Твер, ки дар он 10 ошпаз кор мекунанд ва 6 нафари онҳо муҳоҷир мебошанд. Мақомоти минтақавӣ метавонанд қоида ҷорӣ кунанд, ки дар корхонаи хидматрасонии хӯроки умумӣ теъдоди хориҷиён набояд аз нисф зиёд бошад.

Пештар агар маҳдудият ё худ лимит зиёд мешуд, ба молики он ҷарима таҳдид карда, аз кор озод намудани корманд танҳо бо ин асос ғайриқонунӣ дониста мешуд. Лозим меомад, ки онро ба сифати ихтисор ё бозбинии ҳайати басти воҳидҳои корӣ (штатҳо) ба расмият даровард.

Акнун бошад (аз баҳори соли 2026), зиёд шудани лимит худ ба худ асос барои аз кор хориҷ кардан мешавад. Молики қаҳвахона метавонад ба таври қонунӣ теъдоди ошпазҳои хориҷиро ихтисор карда, ҳайати кормандонро ба меъёри минтақавӣ мутобиқ созад.

Яъне, ин ҷо ҳам қонуни нав корфармоҳоро аз ҷарима ҳимоя карда, расман риояи қоидаҳои минтақавиро сабуктар мекунад, валеҳамзамон вазъи корро барои муҳоҷирон бештар ноустувор ва пешгӯинашаванда месозад.

 

Ин маънои онро дорад, ки акнун муҳоҷирро метавонанд ба осонӣ аз кор озод кунанд?

Корфармо мисли пешина ба риояи ҳамаи расмиёти маъмулии аз кор озод кардан уҳдадор аст: огоҳ кардани корманд, пардохтҳоро ба расмият даровардан, инчунин ба инобат гирифтани риояи меъёрҳои поймолкунии ҳуқуқ ва сӯистифода аз ҳуқуқ.

Акси марбут
Акс аз ТАСС

 

Меъёри калидӣ дар ҳолати ҷорӣ гардидани асосҳои нав барои озод кардан аз кор, яъне маҳдудиятҳои минтақавӣ бояд воқеан мавҷуд бошанд ва амал кунанд. 

 

Чӣ метавон кард, агар шуморо бо ин асосҳо аз кор озод кунанд?

Аввал, санҷед, ки корфаромо ҳолатҳои ҷойгузин (алтернатива) дорад ё не. Маҳдудиятҳо на ҳамеша ба ҳамаи кормандон дахл доранд. Баъзан ба чунин ҳолатҳо талаботи зерин дахл доранд:

- навъи муайяни кор,

- кор бо патент,

- вазифаҳо (мансабҳо)-и мушаххас.

Агар вазифаи кории шумо зери маҳдудият қарор гирад, корфармо метавонад гузаштан ба кори дигар ё тағйир додани шароитҳои коро пешниҳод кунад.

Корфармо ба тарзи гуфтушунид аз кор озод мекунад, на ба таври худкор (автоматӣ).

Агар шумо бар ин назаред, ки аз кор озод карданатон ғайриқонунӣ аст, хомӯширо ихтиёр кардан лозим нест ва аз ҳуқуқҳои худ мебояд дар додгоҳ ҳимоя кард ё ба комиссияи меҳнат арзу шикоят кард.

Масалан, шумо метавонед далел пеш оред, ки дар минтақаатон маҳдудиятҳои амалкунанда ба қувваи кории хориҷӣ нестанд ё ширкат ҳамаи лимитҳоро риоя мекунад ва аз кор озод намудан бидуни сабаби узрнок маҳз ба шумо дахл дошт.

Исбот кардан муҳим аст, ки амалҳои корфармо ба талаботи воқеии қонун мувофиқат намекунанд. Масалан, метавонистанд қарорҳои ҷойгузин (алтернативӣ) рӯйи даст гирифта шаванд: гузаронидан ба вазифаи дигар, тағйири шароитҳои кор ё бозбинии уҳдадориҳо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.