Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ба Фестивали III-уми байнулмилалии кино, ки аз 5 то 10-уми июл дар Кобул баргузор мегардад, 4 филми истеҳсоли Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Сафар Ҳақдодов, мудири ҶДММ «Киносервис» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фестивал филми ҳуҷҷатии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, драматург ва актер Шодӣ Солеҳ ба унвони «Нони Раштон» ва ҳамчунин филмҳои ҳунарии кӯтоҳмуддати коргардонҳои ҷавон Денис Бекетов «Равшанӣ», Зулфия Содиқова «Гул» ва Искандар Усмонов «Ҳаром ва ҳалол» намоиш дода мешаванд. «Тоҷикистонро дар фестивал танҳо Шодди Солеҳ намояндагӣ мекунад», - изҳор дошт С.Ҳақдодов. «Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маротибаи саввум баргузор мешавад. Фестивали нахустин соли 2005 доир гашт ва ба он филмҳои коргардонҳои Афғонистон, Олмон ва Фаронса пешниҳод гардида буданд.
Радио эфир
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста