Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст ва он бояд тибқи барномаи махсус ва омода кардани мардум баргузор гардад», - изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.Ба назари ӯ, ин масъала танҳо бо имзои қароре ё фармоне амалӣ нахоҳад гашт.
«Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 90-95 фоизи аҳолӣ бо хати арабӣ хондаву навишта наметавонанд ва ин омил бояд ҳатман ба назар гирифта шавад», - изҳор дошт вазир ва афзуд, ки омӯзиши хати арабӣ бояд дар нақшаҳои таълимии мактабҳо пешбинӣ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, М.Асрорӣ зикр кард, ки гузариш ба хати арабиасос ба фарҳанг низ таъсир хоҳад гузошт, ки «бар асари он симои фарҳанг низ дигаргун хоҳад гашт».
Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ рӯзҳои наздик дар Туркия ва Русия бо забонҳои тоҷикӣ (бо хати кириллӣ ва арабӣ), русӣ ва англисӣ китобҳои тоза ба табъ мерасанд, ки ба ҳаёту эҷодиёти шоир бахшида шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста