Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -
Овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни байнулмилалии сарояндагони ҷавон «Панҷ ахтар. Интервидение» ширкат хоҳад варзид. Озмун дар шаҳри Сочи аз 28 то 31-уми август баргузор мешавад.
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сарояндаи ҷавон изҳор дошт, ки айни замон ӯ бо устоди худ - модараш Гулчеҳра Ниёзова дар шаҳри Маскав аст ва ба озмун омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, ки аз баргузории озмун танҳо то се рӯзи боқимондаи пешниҳоди дархост огоҳ шудааст ва фавран дархост равона кардааст. Пас аз панҷ рӯз аз кумиати тадорукоти озмун ба ӯ занг зада хабар додаанд, ки ӯ ҳуқуқи ширкат дар озмунро соҳиб шудааст. Сарулибоси саҳнавии сарояндаро ороишгари тоҷик Юсуф Саидов омода сохтааст.
Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок мекунанд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин аст. Дар озмун ӯ таҳти рақами аввал сабт шуда, онро ифтитоҳ мекунад.
Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «
Hero
»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри ба тамошобинон пешкаш хоҳад кард.
Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии
SMS
муайян карда мешаванд. Т.Ниёзова ҳамчунин иттилоъ дод, ки шабакаи «ОРТ» барои кишварҳое, ки намояндаашон дар озмун иштирок мекунад, намоиши ройгони озмунро таъмин мекунад. Манбаъ аз телевизиони «Шабакаи якум»-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки озмун дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир мегардад ва аз ин рӯ, онҳо имкон надоранд, ки мустақиман онро намоиш диҳанд. Дар телевизиони фарҳангии «Сафина» бобати ин масъала ҷавоби мушаххасе дода нашуд.
Қобили зикр аст, ки Т.Ниёзова аз синни 14-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ карда, дар озмуни сарояндагони наврас «Асри нав» соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар озмуни «Суруди сол» дар бахши «Симои тоза» ба ҷоиза сазовор дониста шудааст. Таҳмина Ниёзова набераи иҷрокунандаи маъруфи сурудҳои «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста