Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи байнулмилалии «Иттиҳоди бозёфтҳо-2008» «рӯйхати кӯтоҳи» довталабони то синни 35-соларо интишор намуд. Ба он осори эҷодиёти 19 шоир аз 10 кишвар - Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина дохил шудаанд.
Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 шоирон аз кишварҳои зикргардида номнавис шуда буданд. Дар озмун ҳам шоирони русзабон ва ҳам шоирони миллӣ иштирок доштанд. Қабл аз пешниҳод ба ҳайати ҳакамон шеърҳое, ки бо забони миллӣ навишта шуда буданд, ба забони русӣ тарҷума карда шуданд.
Ба «рӯйхати кӯтоҳи» ҷоиза шоираи тоҷик Дилором, ҳамчунин шаш нафар шоири рус, ду нафарӣ шоирон аз Белорус, Украина ва Гурҷистон ва як нафарӣ шоирон аз Арманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова ва Қазоқистон шомил шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ба «рӯйхати дарози» ҷоиза ҳамчунин се шоирон аз Тоҷикистон - Адиба Азизӣ, Шаҳнози Беназир ва ЖДилором номнавис шуда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста