Душанбе. 10-уми сентябр. - Дар шаҳри Самарқанд ба ифтихори таҷлили 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабиниҳои пуршукӯҳи идона доир гаштанд. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи намояндаи сафорат, яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Рӯдакиро дошта, дар хиёбони марказии пойтахт - Регистон муҷассамаи шоир қомат афрохта, ин хиёбон низ номи Одамушшуароро гирфтааст.
«Чорабиниҳои ҷашнӣ аз гулчанбаргузорӣ зери пояи муҷассамаи шоир оғоз гардида, сипас дар театр наворҳои таърихии давраи ҳаёти шоир ва саҳначаҳо аз рӯи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд», - изҳор дошт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд перомуни ҳаёту эҷодиёти шоир конфронси илмиву амалӣ доир гардида, шеърҳо аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ қироат карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста