Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши
III
-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз гардид, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.
Иштирокчиёнро вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо оғози фестивал табрику таҳният намуд. Сипас ба тамошобинон корҳо дар ду барнома - озмунӣ ва ғайриозмунӣ ё худ корҳои мутахассисон ва донишҷӯён пешкаш гардиданд.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш мекунанд ва дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.
Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.
Шоми имрӯз намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ гардида, ҳамчунин намоиши навъҳои сарулибоси тарроҳону ороишгарони Хуҷанд ва коллеҷи санъати ин шаҳр баргузор мегардад.
Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста