Пуғус. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар Анҷумани
III
-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо ин анҷуманро як рӯйдоди муҳиме на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои аъзои иттиход низ арзёбӣ менамоем.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамгиройии кишварҳо аз наздикшавии фарҳанг, адабиёт ва илму маориф сарчашма мегирад. «Ин ҳақиқатро равандҳои ҳамгиройии 50 соли ахир дар Аврупо, ки ба таъсиси Иттиҳодит Аврупо боис гаштанд, собит карданд», - таъкид сохт Э.Раҳмон.
Ба гуфтаи президент, робитаҳои фарҳангии кунунӣ миёни кишварҳои иттиҳод ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва феълан аксари китобҳое, ки дар кишварҳои ИДМ ба нашр мерасанд, дастраси кишварҳои дигар шуда наметавонанд. Э.Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки масоили дар анҷуман баррасишуда ба густариши на танҳо робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, балки ба рушди ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ мусоидат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста