Душанбе. 19-уми сентябр ОИ «Азия-Плюс» - Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Анҷумани
III
-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бо забони русӣ гуфтушунид мекунем.
«Дар Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони русӣ ҳатмӣ аст ва мо инро на бо талқини Маскав, балки барои он амалӣ месозем, ки бо ин забон мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо шарикони худ дар арсаи байнулмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гуфтугӯву баромад мекунем.», - гуфт ӯ. Сарвари давлат қайд кард, ки донистани забони русӣ барои донишҷӯёну олимон ва дигар намояндагони ҷомеа шароиту имконоти мусоиди шиносоӣ бо дастовардҳои беназири илму фарҳанги ҷаҳонро фароҳам месозад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бояд сиёсатмадорон баҳри равуои бемалоли олимону зиёиёни кишварҳои иттиҳод дар қаламрави давлатҳо шароити мусоид ба вуҷуд оранд. «Дар наздикшавӣ ва ҳамгиройии халқҳои кишварҳо намояндагони илму фарҳанг саҳми назаррас доранд ва забони русӣ низ дар ин кор аҳамияти махсусро касб кардааст», - таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста