Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе китоби доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов «Фалсафаи илоҳиёти Муҳаммади Ғаззолӣ» ба табъ расид.
Имрӯз он дар ҷараёни баргузории конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир», ки ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад, муаррифӣ карда шуд.
Дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд. Имрӯз дар конфронс дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии баҳамойии мазҳабҳои исломӣ Оятулло Муҳаммад Алӣ Тасхирӣ маърӯза кард.
Қобили зикр аст, ки конфронс бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста