Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон ба консерти тантанав ӣ бахшида ба та ҷ лили ҷ ашни Р ӯ зи Фалак ҳусни оғоз бахшид. Ин ҷ ашн бо иштироки ҳунармандони маъруф ва фалаксароёни шинохта та ҷ лил хоҳад шуд.

Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният кард. Дар табрикоти сарвари давлат, аз ҷумла гуфта мешавад:             

«Санъати мусиқии халқи то ҷ ик таърихи бостон ӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрўз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷ аҳони маънав ӣ ва завқи зебописандии муосиронро   сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ган ҷ инаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд. Мо, ворисони ин ган ҷ и бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳанг ӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумўи жанру мўҳтавои он кўшиш намоем».

Ёдрас мекунем, ки бо фармони сарвари давлат аз 4-уми августи соли 2007 дар Тоҷикистон 10-уми октябр ҷашни «Рӯзи Фалак» таҷлил мегардад. Азбаски сарвари давлат дар ин рӯз дар боздиди корӣ қарор дошт, тасмим гирифта шуд, ки ҷашн имрӯз барпо гардад.