Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар консерти пуршукӯҳе, ки ба ин муносибат доир мегардад, устодони санъати Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳ муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ва Минбой Дархон, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмедов ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ боз гардида, дар кинотеатри «Ҷомӣ» намоиши филмҳои коргардонҳои қазоқ шурӯъ шуд..
Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста