Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бунёди мазкур - Александр Калугин хабар дод, зери ин санад сарвари кулли ЮНЕСКО - Коитиро Масуура ва раиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон – Жансеит Туймебоев имзо хоҳанд гузошт. «То охири соли ҷорӣ бо дастгирии Бунёд, дар маҷмӯъ 70 лоиҳа бояд татбиқ шавад», - мегӯяд Калугин.
Татбиқи қариб 60 лоиҳа аллакай ба анҷом расидааст. Анҷумани 3-юми эҷодкорону олимон дар Душанбе, сафари ҳунарии аввалин оркестри ҷавонони ИДМ, давраҳои омӯзишии олимони ҷавон, бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои узви Иттиҳод дар Кишинёв, озмуни сарояндагони ҷавони «Панҷ ситора. Интервидиние» аз ҷумлаи онҳоянд. Тасвиби ёддошти тафоҳум барои рушди ҳамкориҳо миёни ЮНИСЕФ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ имкониятҳои бештар медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста