Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Сарояндаи навраси тоҷик Дали дар озмуни байнулмилалии «Мавҷи тоза», ки рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар гурӯҳи овозхонони аз 8 то 12-сола мақоми дуюмро касб кардааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд, тӯли 1 сол барои ширкат дар озмуни кӯдаконаи «Мавҷи тоза» аз кишварҳои мухталиф дархостномаҳо ирсол шуданд, ки иштирок дар қисмати ниҳоии он ба 18 нафар аз 11 давлат муяссар гардид. Озмун дар ду гурӯҳ аз 8 то 12-сола ва аз 13 то 15-сола ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, дар гурӯҳи хурдсолон ҷоизаи аввал ба Кристина Светличной аз Белорус супорида шуд. Мавқеъи дуюмро ҳамватани мо Дали ва ҷойи сеюмро Диана Мария аз Олмон ишғол карданд. «Ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои қимматбаҳо аз ҷумла синтезатор, студияи хурди сабти овоз ва роҳхат ба Диснейленди Фаронса супорида шуданд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки ба ҳамаи иштирокдорони озмун микрофонҳои касбӣ ва гувоҳинома тақдим гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста