Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардиданд.
Тавре роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифтааст. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳунармандони маъруфу шинохта Ҷӯрабек Муродов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Шӯҳрат Сайнаков, шоирон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғойиб ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ, рассомон Сайфиддин Шералиев ва Заур Дахте шомиланд. Рассомони тоҷик асарҳои худро дар намоишгоҳи мусаввараҳо таҳти унвони «Тоҷикистони имрӯза» ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.
Ба қавли А.Абдуҷабборов, дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик, консерти устодони санъат ва шомҳои мулоқот бо адибони тоҷик баргузор хоҳанд гашт.
Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон муддати чаҳор рӯз идома меёбанд. «Соли оянда дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе доир мешаванд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста