Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байнулмилалии афсона барои кӯдакон, ки аз 27 то 29-уми декабр дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тавре директори театр Кенҷа Иброҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора намояндагони Тоҷикистон асари саҳнавии «Саргузашти Юсуф»-ро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. «Дар ин ҷашнвора асарҳои саҳнавӣ аз ҳикоёти Қуръони карим намоиш дода мешаванд», - гуфт ӯ. Қобили зикр аст, ки дар намоишнома намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Ба гуфтаи директори театр, соли равон ин сафари панҷуми ҳунармандони театр ба хориҷи кишвар мебошад. «Имсол асарҳои саҳнавии театр дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар Русия, Белорус ва Эрон низ намоиш дода шуданд», - афзуд К.Иброҳимов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста