Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги мамлакат - Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти дирӯзааш бо муовини нахуствазири мамлакат - Руқия Қурбонова масъалаи баргузории озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение» дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, ӯ аллакай лоиҳаи баргузории ин озмуни байналмилалиро дар Душанбе ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. «Умедворам, ки мо аз ӯҳдаи ташкил ва доир намудани озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» дар сатҳи зарурӣ мебароем», - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли гузашта овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар даври навбатии озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида буд, соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза гардид. Дар асоси шартҳои ин озмун, барандаи ҷоизаи асосии он ҳуқуқи баргузор кардани даври навбатии озмуни байналмилалиро дар кишвари худ пайдо мекунад.
Бояд гуфт, шабакаи аввали телевизиони Русия, ки аз ташкилкунандагони асосии озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» ба ҳисоб меравад, то ҳанӯз расман мавқеъи худро дар робита ба ин масъала рӯшан накардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста