Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ба ташкилотҳои диние, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд, лозим меояд пас аз қабули лоиҳаи нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» дубора аз қайд гузаранд. Ёдовар мешавем, қонуни мазкур аз соли 1994 амал мекунад.
Тавре имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазорат дархост кардааст, то ҷиҳати таҳияи консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин пешниҳоду тавсияи худро ироа намоянд. «Мо пешниҳод сохтем, ки пас аз қабули қонуни нав «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» ба ин кор машғул хоҳем шуд, зеро консепсияи нав бояд пурра ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошад», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 258 масҷиди ҷомеъ, 2841 масҷидҳои намози панҷгона, 83 ташкилотҳои динӣ (ғайриисломӣ), 87 ҷамоатхона, 18 мадраса ва як Донишкадаи исломӣ амал мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста