Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор намешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазоарти фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, бинобар камбуди маблағ чунин қарор қабул гардида, мӯҳлати баргузории ҷашнвораи минбаъда низ мушаххас нест. Ёдрас мекунем, ки баргузории ҷашнвораи
XIII
-уми ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз 23 то 31-уми март дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда буд.
Тибқи иттилои қаблӣ, ҳаҷми мукофотпулии ҷашнвора ба андозаи 12 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, ғолибон ва ба Шоҳҷоизаи ҷашнвора ноилгаштагон ба иштирок дар Ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои касбӣ - «Наврӯз» роҳхат мегирифтанд, ки он бояд моҳи апрел дар ҷумҳурӣ доир мегашт.
Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи «Наврӯз» низ доир намегардад. «Ин ҷо ду сабаб мавҷуд аст – ҷиҳати молиявӣ ва баргузории миқдори зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ дар соли равон», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста