Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби вазорат намоиши песаи коргардон Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» манъ карда нашудааст.
М.Достиев мегӯяд, намоиши пйеса муваққатан манъ карда шудааст, «то ки коргардон баъзе аз лаҳзаҳои намоишро таҳрир бисозад» ва сипас намоиши он идома хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта коргардон Б.Абдураззоқов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бинобар «моҳияти инқилобӣ» доштани пйеса намоиши он манъ карда шудааст. Ёдовар мешавем, нахустнамоиши пйеса 17-уми март доир гардида, дар он намояндагони доираҳои фарҳангии кишвар, мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг ва намояндагиҳои дипломатии як қатор давлатҳо дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Зимни шарҳи қазияи мазкур, профессор Иброҳим Усмонов, ки аъзои Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг асту таҳти роҳбарии ӯ намоиши пйеса маъқул дониста шудааст, гуфт, «мавзӯи пйеса умумиинсонӣ аст ва ҷузъиёти онро метавон дар саросари дунё мушоҳида намуд». «Намоишномаи мазкур асари саҳнавӣ аст ва ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад», - гуфт И.Усмонов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста