Кӯлоб. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Корвони ваҳдат» бо мақсади таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, ки солҳои ахир ба ҳукми анъана даромадааст, вориди Кӯлоб шуд.
Чӣ тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Ҳокиятмоҳ Ҳакимова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод,ҳайати корвон бо шумули профессор Отахон Сайфуллоев, адибону шоирон Абдулҳамид Самадов, Мирзо Файзалӣ, Ҳақназар Ғоиб ва Хосият Вализода дар донишгоҳи Кӯлоб ва ҷамоати Даҳана бо донишҷӯёну аҳолии маҳаллӣ мулоқот ороста, ба ҳозирин тамоми роҳи тайкардаи кишвар то расидан ба истиқлоли миллиро бо мисолҳои мушаххас ва образҳои бадеӣ шарҳ доданд.
Ҳ.Ҳакимова гуфт, аҳли мулоқот ба назари шоирону адибон оид ба мушкилоти мавҷуда таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ба суолоти хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. «Корвони ваҳдат» сафари худро аз ноҳияи Бохтар оғоз намуда, пас аз шаҳри Кӯлоб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегардад ва сипас аз минтақаи кӯҳистон озими вилояти Суғд хоҳад шуд», - афзуд муовини раиси вилояти Хатлон.



"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 31
Як қатор гуфтушунидҳои ҳайати Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии India AI Impact Summit 2026
Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 феврали соли 2026
Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд
Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд
Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста