Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ бори дигар ба вазифаи раиси ин иттифоқ интихоб карда шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ИНТ иттилоъ доданд, номзадии Меҳмон Бахтиро ҳамаи 350 нафар аъзои ИНТ дастгирӣ карданд. «Ба вазифаи раисии иттифоқ ҳамчунин се номзади дигар – Гулназар Келдӣ, Ато Ҳамдам ва Гулрухсор Сафиева низ пешниҳод шуда буданд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар анҷуман ҳамчунин дурнамои нақшаҳои фаъолияти ИНТ дар давоми панҷ соли оянда низ муайян карда шуданд.