Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои давраи интихобии озмуни «Панҷ ситораи интервизион», ки рӯзи 4-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ален Абилфайзов ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар ин озмун намояндагӣ кунад.
Бино ба иттилои раиси ҳакамони озмун – муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, А.Абилфайзов миёни иштирокчиён аз ҳама холи баланд – 96 баллро соҳиб шудааст. Айни замон ӯ дар маркази прдюсерии «Фарҳанг» ба фаъолият машғул буда, оянда ният дорад албоми сурудҳои худро ба мухлисонаш пешкаш намояд.
Қобили зикр аст, ки дар давраи интихобӣ мақоми дуввумро наттоқи радиои «Азия-Плюс» Кирилл Комбаров ишғол намуда, ҷойи саввумро ҳакамон ба Юлия Богданавичуте сазовор донистанд.
Ба ҳайати доварон муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, муовини ӯ - Қудратулло Яҳёев, роҳбари ансамбли «Сипар» Умар Зиёев,
овозхони ансамбли «Авеста» Таҳмина Рамазонова ва сарвари барномаҳои радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ шомил гардида буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста