Душанбе. 6-уми июл – Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки маркази фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон шинохта шудааст, муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро канданд. Муҷассама дар наздаи Осорхонаи давлатии таърихи фарҳанги мардуми Осиёи Миёна дар ин шаҳр побарҷо буд.
Тибқи иттилои хабаргузории Фергана.ру, дар яке аз шаҳрҳои бостонии ҷаҳон муддати чанд моҳ аст, ки ҷараёни таҷдиди кулли сохтори шаҳр идома дорад. Чанд рӯз пештар маҷмааи асари монументалии ҳайкалтарошӣ бахшида ба асосгузори адабиёти классикии ӯзбакӣ Алишери Навоӣ, ки аз санги хорои сурх бунёд гардида буд, низ канда шуд.
Кӯшишҳои муайян кардани тақдири минбаъдаи ин муҷассамаҳо ҳеҷ натиҷаи мушаххасе надодааст. Изҳороти расмӣ дар ин хусус садо надодааст. Намояндагони равшанфикрон бошанд, мегӯянд, мо худ намедонем, ки чӣ воқеа аст. Дар ҳамин ҳол овозаҳое маҷуданд, ки ин муҷассамаҳо дар ҷойи дигар гузошта хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста