Вашингтон. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико китоби нависандаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ «Об аз куҷо ҷорӣ мешавад?»
бо забони англисӣ ба чоп расид.
Чӣ тавре ки хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Вашингтон иттилоъ медиҳад, китоби мазкур бо нақшу мусаввараҳои ҷолиб дар мағозаҳои бузургтарини ИМА ба фурӯш бароварда шуда, дар Амрико якчанд маросими муаррифиномаи китоб дори гардидааст ва хонандагони нахустин аз он қаноатмандӣ изҳор кардаанд.
Аз замони нашри нахустини китоби мазкур зиёд аз се даҳсола паси сар шудааст, вале то ҳанӯз ғояи асар, ки муҳаббати кӯдакон ба ихтироот, арзиши баланди оби нӯшокӣ, нодир будани санъати боғдориро васф месозад, аҳамияти худро гум накардааст.
Ноширони амрикоӣ бар ин назаранд, ки саргузаштҳои қаҳрамонони асар – Асаду Самад натанҳо толибилмони Амрико, балки аксари ҳаводорони мутолиаи китобро ҳавасманд хоҳад сохт, зеро Тоҷикистону фарҳанги бостонии он то ҳанӯз мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор доранд.
Асари «Об аз куҷо ҷорӣ мешавад?» аз ҷониби писари хурдии муаллифи асар – Карим Ҳоҷибоев ва ҳамсари ӯ - Муҳаббат Ҳоҷибоева, ки айни замон маскуни Амрикоянд, тарҷума шудааст.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста