Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки мӯҳлати баргузории озмуни «Панҷ ситораи интервизион» дар Душанбе аз моҳи август ба моҳи октябри соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд.
Номбурда мегӯяд, дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳои чандинкаратаи созмондиҳандагони озмун ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия ба Муқарраоти озмун тағйирот ворид шуда, созмондиҳандагони озмун ният доранд, ки баҳри иштирок дар он намояндагони дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро ҷалб созанд. «Аз ин рӯ, мавқуф гузоштани мӯҳлати баргузории озмун ба омодагӣ ва интихоби иштирокчиён аз ин кишварҳо марбут аст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи А.Раҳмонов, созмондиҳандаи асосӣ ва намоянда аз ҷониби Тоҷикистон дар баргузории озмун Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳкумати ҶТ буда, тамоми хароҷоти вобаста ба онро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста