Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузории намоишгоҳи Байнулмилалии китоб идома дорад, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нусха китобҳои нашрияҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин китобҳо мавзӯъҳои таъриху иқтисод, фарҳанг ва мероси илмии кишварҳоро дарбар гирифтаанд. «Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон доир гардида, вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба он ҳусни ифтитоҳ бахшид. «Худи ҳамон рӯз маросими муаррифии китоби нави «Бахтофарин» баргузор гашт, ки дар он шеъру мақола ва очеркҳо дар бораи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ӯ дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллии мардум ва рушди иқтисоду фарҳанг гирдоварӣ шудаанд», - гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки кори намоишгоҳи бапйнулмилалии китоб то 27-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста