Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Шоми имрӯз дар Театри хурди академии шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барнома бо ҳунарнамоии устодони санъат ва ҷавонони лаёқатманди эҷодкор оғоз мегардад. «Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ, ки аз 60 нафар иборат аст, муовини аввали вазири фарҳангӣ ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев сарварӣ намуда, директори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия – роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов, роҳбари бадеӣ – директори маркази эҷодии «Илҳом» - Набӣ Ҷалолов, роҳбари мусиқӣ – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Саидқул Билолов мебошанд. «Қабл аз оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия, дирӯз дар толорҳои Осорхонаи санъати муосири Русия намоишгоҳи маҳсули дасти рассомони тоҷик доир гардида, ба ғайр аз ин, имрӯз дар Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷӣ ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» дар назар аст», - гуфтанд дар вазорати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаҳои чорабинӣ дар саҳнаҳои театрҳои шаҳри Маскав спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» дар иҷрои ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маякрвскии шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.
Зикр гардид, ки рӯзи 1-уми июн ҳамчунин баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангии намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. «Рӯзҳои фарҳанги Точикистон дар Русия дар таърихи 2-юми июн бо баргузории консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар анҷом хоҳад пазируфт», - афзуд сарчашма.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста