Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Як ҳайати иборат аз 8 нафари бостоншиносони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии профессори Донишкадаи омӯзиши фарҳанг ва маърифати бостоншиносии мардумии вилояти Синчияни Чин Ванг Ҷиансин бо мақсади шиносии наздик бо ҳафриёти бостоншиносии ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод, чанде қабл ин ҳайатро вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба ҳузур пазируфт. «Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши омӯзиши ҳафриёти бостоншиносиро мавриди баррасӣ қарор доданд», - гуфтанд дар вазорат.
Бостоншиноси Чин Ванг Ҷинсиан зкир кард, ки ҳадафи сафари ҳайат – шиносоии наздик ва омӯзиши ҳафриёти бостоншиносӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст. «Ҳайати мазкур бо ҳафриёти бостоншиносии шаҳраки қадимаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳисор ва ноҳияи Шаҳритӯс аз наздик ошно хоҳанд гардид», - афзуд сарчашма.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста